Нақш ва хизматҳои хастанопазиру талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва барқарор намудани забони тоҷикӣ бениҳоят назаррас арзёбӣ мегардад.
Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали давлатдории хеш Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тақдири имрӯзу фардои забони тоҷикӣ пайваста таваҷҷуҳ намуда, мавриди омӯзишу андешаи ҳамешагиашон қарор дошт ва то ҳол низ идома дорад. Вобаста ба забони тоҷикӣ осори гаронбаҳову пурарзише ба монандӣ «Забони миллат-ҳастии миллат»-ро таълиф намудаанд, ки осори мазкур фарогирандаи тамоми паҳлуҳои забони шевои тоҷикӣ буда, он барои гиромидошти забони тоҷикӣ ва бедор намудани ҳофизаи таърихии соҳибкаломон, ҳисси арҷгузориву эҳтиром нисбат ба забони модариро дар замири ҳар як фарди огоҳдил, хусусан насли ҷавон хеле бориз мебошад. Ғайр аз ин дар тамоми баромаду вохӯриҳо ва ироаи пайёмҳои худ аз ҳифз ва гиромидошти забони модарӣ пайваста таъкид менамоянд.
Мо дар замоне ба сар мебарем, ки як қатор падидаҳое, ба монанди ҷаҳонишавӣ арзи ҳастӣ менамояд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад ва сиёсати «дарҳои боз»-ро пеша намудааст, аз ин рӯ, аз ин падидаҳо канораҷӯӣ карда наметавонад. Таъсири пайёмадҳои номатлуби раванди ҷаҳонишавӣ дар он зоҳир мегардад, ки кишварҳои манфиатҷӯ бо мақсади амалӣ намудани ниятҳои нопоки худ, аз махсус усулҳое истифода мебаранд, ки онҳо пеш аз ҳама таъсири хешро ба забон, фарҳанг ва шуури ҷавонон мерасонанд. Вобаста ба ин хеле олӣ иброз намуданд, Пешвои миллат «раванди ҷаҳонишавӣ ба мероси маънавии халқу миллатҳо таҳдид карда истодааст.
Ягона роҳи ҳифзи ин мерос талоши ҳарчи бештар мустаҳкам намудани пояҳои муқаддасоти миллист, ки забони давлатӣ яке аз он шоҳсутунҳои муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад».
Аз ин рӯ аз ҳар як насли огоҳу бедордили миллат даъват ба амал оварда мешавад, ки забони нобу шевои тоҷикиро аз таъсири равандҳои номатлуби ҷаҳонишавӣ ҳифз намоянд, пайваста зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзу гиромидошти муқаддасоти миллӣ, арзишҳои милливу маънавӣ талош варзида, худро аз ҳар гуна хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ, тақлидкорӣ ба фарҳанги ғайр эмин нигоҳ дошта, баҳри бунёд, обод ва шукуфон намудани Ватани маҳбубамон содиқонаву фарзандона хизмат намуда, дар атрофи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Певшои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардида, муқаддасоти миллӣ, забон, фарҳанг, таммадуни оламшумули худро ҳифзу гиромӣ ва мақому манзалати Ватани маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло бардорем ва пояҳои давлатдории миллиамонро боз ҳам устувортару қавитар намоем ва ин забоне, ки бо ҳама бурдубохти худ, ки бо қиммати ҷони фарзандони асили ин миллат ба мо мерос мондааст, мо низ уҳдадор ва вазифадорем, ки ба наслҳои ояндаи худ ин забонро поку беолоиш мерос боқӣ гузорем.
Толибҷон Иброҳимзода устоди Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон