Вазъи бисёр ноорому бесуботи ҷаҳони муосир, аз ҷумла бархӯрди тамаддунҳо, пеш аз ҳама, ба зеҳну шуур ва мафкураи наврасону ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад.
Дар чунин марҳала ва шароити ҳассос шумо – фарзандони Тоҷикистони соҳибихтиёр бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошед, забон, таърих, фарҳанг, расму ойинҳо ва дигар арзишҳои миллиро доим гиромӣ доред, ҳаргиз ба бегонапарастӣ роҳ надиҳед ва дар хотир дошта бошед, ки дар ҳимояи манфиатҳои миллати тоҷик ва давлати тоҷикон ҳар яки шумо низ масъулият доред.
Чунин изҳор намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки дар раванди давлатсозии миллӣ шаклҳои гуногуни тарбия, бахусус тарбияи ватандӯстӣ масъалаи ниҳоят муҳим ба шумор меравад. Дар таърих ватандӯстӣ ба сифати падидаи иҷтимоӣ барои таъсиррасонӣ ба шуури сиёсии шаҳрвандон ба кор бурда мешуд.
Азбаски ҷаҳони мутамаддин дар таҳаввулоти ҳамешагӣ қарор дорад, дар мафкураи шаҳрвандон ҷой намуда тавонистани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ барои амалӣ намудани барномаю стратегияҳои давлатӣ аз манфиат холӣ нест.
Воқеан ҳам бояд иброз намуд, ки зиндагии осудаву ороми ҳар оила, амалӣ гардидани нияту орзуи ҳар шаҳрванд, ободии давлат ва пешрафти он танҳо дар ҳолати пойдор будани сулҳу суботи комил имкон дорад.
Ва дар замони муосир танҳо кишварҳое дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди устувори илмиву фарҳангии худро ҳифз карда метавонанд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи зарурӣ дода, имконияти фаровони зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳоро ба самти дурусту созанда равона созанд. Ҷавонон созандагони фардои шукуфони Тоҷикистон ва сутуни боэътимоди давлату миллат буда, пешрафти онҳо, боло бурдани донишҳои сисёсияшон тазминкунандаи ояндаи босуботу ободи давлату ҳукумат хоҳад буд.
Доштани ҳисси баланди миллӣ ба ҷавонон имкон медиҳад, то онҳо ватани маҳбуби худро сидқан дӯст доранд, онро содиқона ҳифз намоянд ва ифтихор дошта бошанд, ки фарзандони яке аз миллатҳои бостонӣ ва соҳибфарҳангу тамаддунсози дунё ҳастанд.
Сарвари давлат пайваста зимни суханрониҳо ба ақлу заковат, худогоҳиву худшиносӣ, далериву шуҷоат, ғайрату матонат ва неруи зеҳниву ҷисмонии ҷавонон – фарзандони даврони истиқлоли Тоҷикистон изҳори боварӣ намуда, ҷавононро барои расидан ба ҳадафҳои созанда ва ба оянда нигаронидаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қувваи бузург мешуморанд.
«Бо назардошти ҳамаи хизматҳое, ки шумо – фарзандони азиз – барои Ватан ва давлати соҳибистиқлоли худ анҷом дода истодаед, ба ҳар яки шумо муроҷиат мекунам, ки аз давлати соҳибистиқлол, Ватани соҳибихтиёр ва аз тоҷик будани худ ҳамеша ифтихор дошта бошед, зеро гузаштагони некноми мо дар рушди фарҳангу тамаддуни башарият саҳми бузург гузоштаанд.
Шумо, ҷавонони азиз, бояд роҳи гузаштагони пурифтихорамонро бо омӯзиш ва аз худ кардани илмҳои замона идома дода, барои пешрафти Ватани аҷдодӣ талош варзед, зеро шумо меросбарони суннату анъанаҳои чандинҳазорсолаи халқамон ва давомдиҳандагони корномаи садҳо ва ҳазорҳо фарзандони фарзонаву фидокори он ҳастед»,-баён доштанд Президенти Тоҷикистон.
Табиӣ аст, ки шаҳрвандон афкори мухталифи сиёсӣ доранд, сатҳи зиндагию вазъи иҷтимоиашон гуногун аст, аммо сарфи назар аз ҳамаи фарқияту мухолифат ҳамаи моро бояд масъулияти ҳифзи истиқлоли Ватану Ваҳдати миллат муттаҳид намояд. Барои ҳар шаҳрванди ватандӯст ҳеҷ чиз муҳимтар аз нигаҳдорӣ ва таҳкими сулҳу субот ва Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нест. Зеро мо дар замоне зиндагӣ менамоем, ки ҳар лаҳзаву ҳар сония авзои сиёсии ҷаҳон зудтағйирёбанда буда, таҳдиду хатарҳо ба афкори ҷавонон бе таъсир буда наметавонад.
Раванди ҷаҳонишавӣ ҳамарӯза хавфу таҳдидҳои навро густариш медиҳад. Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносии ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд, ки барои боз ҳам тақвият бахшидани зиракии сиёсии ҷавонон тадбири саривақтӣ аст.