5 октября 2026
Имрӯз, 22-юми сентябр вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи навтаъини доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Судипто Мукерҷиро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ ҳамкориҳои дуҷониба байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид муҳокима карда шуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои амалишавии лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла «Ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ» баррасӣ гардид. Дар маҷмуъ, вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир шуд.