24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, бори аввал «Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ» (ИҶШС) қабул гардид.
Аммо санади мазкур ба пуррагӣ истиқлолияти давлатии ИҶШС Тоҷикистонро таъмин карда натавонист.
9 сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум санади «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро қабул намуданд.
Ин санади таърихӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми халқу миллатҳо эълон намуд. Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он аз 230 нафар вакили халқ 193 нафар иштирок доштанд ва дар маҷмӯъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 2 муроҷиатнома қабул карда шуд. Дар Иҷлосияи мазкур яке аз ин масъалаҳо баррасии истеъфои Президенти вақтӣ - Раҳмон Набиев буд, ки вакилони мардуми онро тасдиқ карда, ба ин мансаб номзадии фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид.
Ин санаи фархунда ва барои халқи тоҷикистон умедворкунанда 19-уми ноябри соли 1992 буд, ки 186 вакил ба ҷонибдории номзади арзанда овоз доданд, ки дар натиҷа Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — роҳбари давлат интихоб гардиданд. Дар Иҷлосия Раиси тозаинтихоби кишвар, фарзанди барӯманди халқ, ҷавони оқилу доно Эмомалӣ Раҳмон мақсад ва ҳадафи асосии худро чунин баён карда буданд:
«Ба хотири истиқрори сулҳи пойдор ва бозгашти ҳамаи фирориён ба Ватан ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам». Дар тӯли ду соли истиқлол (1991-1992) ду президент, чанд раиси Шурои Олӣ ва ҳукумати ба ном «Муросои миллӣ» иваз шуданд, шахсиятҳои таҷрибадор боақидаву афкори мухталиф ба сари ҳокимият омаданд, вале ба ҳеҷ кадоме аз онҳо идораи ҳокимияти давлатӣ муяссар нашуд.
Дар ин маврид раиси нави Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиати худ чунин изҳор дошт:
«Ба ҳурмати наҷот додани Тоҷикистон ва хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, ба хотири ба даст овардани сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ, ба мақсади ягонагӣ ва муттаҳидии тамоми халқҳое, ки сокини ҷумҳуриамон мебошанд, даъват менамоем, ки дар Иҷлосия иштирок намоед». Дар Иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки «Мо Тоҷикистони демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ барпо мекунем».
Дар воқеъ, ин таъкиди Раиси Шурои Олӣ баъдан дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум ёфта, шакли қонунӣ гирифт. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, ки он дар ҳақиқат бахтномаи миллат, гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар буда, ба шарофати он ҷаҳониён Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтаанд.
Аз ҷониби мутахассисон ва коршиносони Амрико ва Русия Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои мусбӣ гирифта, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бошад Конститутсияи давлати моро дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои аъзои ин ташкилот ҷой додааст.
Дар асоси меъёрҳои Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад. Аз ин сабаб, тақвият бахшидан ба таъминоти иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, маориф, илм ва фарҳанг яке аз ҳадафҳои асосии давлату ҳукумат ба шумор меравад.
Эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия ва талаботи қонун, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ нишонаи беҳтарини ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшинос буда, дар навбати худ шарти муҳимтарини оромиву осоиш ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин зиндагии босаодати ҳар як сокини мамлакат мебошад.