Истиқлолият оғози зиндагии нави халқамон ва ибтидои марҳилаи тозаи ҳаёти сиёсии давлати миллии тоҷикон аст.
Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба миён овард.
Тамоми дастовард, пешравӣ ва ташаккули давлатдории миллӣ ба Истиқлолияти давлатӣ вобастагии ногусастанӣ дорад. Ҳамзамон кулли тағйироту дигаргуниҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа маҳз баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ амалӣ шуданд.
Истиқлолияти давлатӣ ба халқи тоҷик имконият фароҳам овард, ки ба марҳилаи сифатан нав – роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардад.
Мардуми тоҷик аз он ифтихор доранд, ки тайи 34 сол дар фазои орому осудаи истиқлолият умр ба сар мебаранд. Ин орзу барои ҳамаи наслҳои миллати мо аз ҷумла ниёгони сарбаландамон ормони воло, номаи тақдир, ҳифзи шарафу номуси ватандорӣ будааст.
Истиқлолият барои мо марҳила сифатан наву воқеии таърихи талошҳои озодихоҳона ва кору пайкорҳои расидан ба давлату давлатдории миллӣ аз ҳифз намудану пос доштани мероси маънавию фарҳангии миллат мебошад.
Истиқлолият неруи бузурги созанда ва бунёдкории мардуми тоҷикро ба зуҳур овард, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандони моро хеле ва хеле боло бурд.
Маҳз Истиқлолият моро ба решаҳои тавонои давлату давлатдории чандинҳазорсолаамон пайваст намуд ва аз шоҳраги он ба ҷисму ҷони давлати соҳибистиқлоли миллиамон қувваи тоза ва неруи солим дамид.
Бояд гуфт, ки Истиқлолият барои мо мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳилаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими созандагӣ ва бунёдкориҳое гардид, ки ҳадафҳои бузурги он ба тақдири наслҳои оянда вобаста мебошад.
Дар масири ташаккул ва таҳкими давлатдории мустақил рамзҳои давлатӣ ҳамчун шиносномаи давлату миллат аҳамияти бунёдӣ доранд.
Бо шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ халқи парчамбардору давлатсози мо соҳиби рамзҳои давлатии худ-Парчами давлатӣ, Нишони миллӣ, Суруди миллӣ ва ҳамчунин асъори миллӣ гардид.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таҳти роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик тақдири Ватану давлати аҷдодии худро ба дасти худ грифта, бо ҷомеаи ҷаҳонӣ бо роҳу равиш ва симои хоса пайваст.
Истиқлолият Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ намуд. Ба шарофати истиқлолият Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хоса пайдо намуда, ташаббусҳои ҷумҳурии мо ба хотири таъмини зиндагии шоистаи тамоми сокинони сайёра дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд.
Мардум тоҷик имкон пайдо намуд, ки Ватани худро соҳибӣ, давлатдории миллии худро барпо, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё, ормонҳои деринаи халқро амалӣ ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монад.
Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву оромиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.
Ҷашни Истиқлолияти навинии Тоҷикистон ҷашни дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун соҳиби давлати комилҳуқуқ шинохта шудани қадимтарини миллати Осиёи Марказӣ-тоҷикон, ҷашни барқароршавии адолати таърихӣ дар сарнавишти миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки бо вуҷуди анъанаи дерини давлату давлатдории хеш бори дигар дар интиҳои асри 20 истиқлолияти воқеиро ба даст овард.
Дар ҳар Паём Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуктаҳои муҳими таҳкими мамлакатро таъкид намуда, роҳҳои амалӣ сохтани барномаҳои давлатии баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии аҳолии мамлакатро пешниҳод менамоянд.
Агар Паёмҳои ҳарсоларо аз назар гузаронем он нуктаҳое, ки Сарвари давлат баён медоранд тадриҷан амалӣ мегарданд.
Мисоли он-таҳкими ҳарчӣ бештари истиқлолият, якпорчагии давлат, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтани иншооти калони стратегӣ, тадриҷан барпо намудани ҷойҳои кори холӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, боло бурдани сатҳи маърифати ҷавонон ва монанди инҳоро метавон номбар кард, ки ҳама шоҳиди марҳила ба марҳила амалӣ шудани чунин барномаҳо мебошанд.