Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар замони худ нақши махсусе дорад. Дар таърихи навин аз нигоҳи мо, волотарин дастоварди миллати соҳибтамаддуни тоҷик ин соҳиб шудан баистиқлоли давлатии Тоҷикистон аст.
Истиқлолият барои ҳар давлату миллат неъмати беназир ва комёбии бузургест.
Он омили асосии бедории миллат, иттиҳод дар атрофи идеяи миллӣ, тараққии мамлакат, заминаи боэътимоди ба даст овардани обрӯву эътибор дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар ҷаҳон мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон кард ва инак 34 сол мешавад, ки бо эътирофи арзишҳои башарӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар саҳнаи ҷаҳонӣ ҳузур дорад.
Тоҷикистони азизи мо дар ин муддати барои таърих начандон тӯлонӣ аз як кишварио шӯбзада ба як кишвари босуботу пешрафта ва фаъолу ташаббускор дар минтақа ва ҷаҳон табдил ёфт.
Истиқлолият барои мо мардуми шарафманди тоҷик нишони барҷастаи пойдории давлат, симои бақои миллат, шиносномаи байналмилалїӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соњҳбистиқлоли тоҷикон аст.
Ҳамаи ин аз баракати сиёсати санҷидашуда ва ботадбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба момуяссар гардид.
Пешвои муаззами миллат бо ҳадафҳои ояндасози худ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар тоҷикони оламро ифтихори милливу тоҷик будан бахшид ва худ фахри соҳибдавлатии мову рамзи соҳибдории хосу омми кишвар гардид. Воқеан, дар партави сиёсатих ирадмандонаи сарвари давлат ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсият кишвари мо тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд.
Дастоварди бузургтарини миллати тоҷик дар замони истиқлоли давлатӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки мо ба ин неъмати зиндагибахш бо баҳои бисёр гарон ва заҳмати ниҳоят зиёд муяссар гардидем.
Агарчӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон расман 9-умисентябри соли 1991 ба Истиқлолияти давлатӣ расид, давлату давлатдорӣ барои тоҷикон нав набуд. Оини давлату давлатдории аҷдодони мо аз ҳазорсолаи сеюми қабл аз милод оғоз гардидааст.
Дар тӯли таърих давлатдории тоҷикон борҳо дучори таназзул гашта, дигарбора эҳё ва такомул ёфтааст.
Халқи тоҷик ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва дорои таҷрибаи куҳани давлатдорӣ барои бунёди давлати алоҳидаи миллӣ дар ҳама давру замон кӯшишу талошҳо намудааст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд:
“Таърих гувоҳ аст, ки дар тули ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст...”
Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ мо имкон пайдо кардем, ки бо таърихи миллати куҳанбунёди худ беҳтару бештар ошно шавем, решаҳои таммадуни гузаштаи худро ҷустуҷӯ карда, онҳоро барои таҳкими ватандӯстию худшиносӣ, ифтихори миллии мардум ва тақвияти пояҳои давлати соҳибистиқлоламон истифода барем.
Имрӯз Истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ дар назди мо - шаҳрвандони Тоҷикистон вазифаи басо пурифтихори таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба орзуву ормон ва манфиатҳои мардуми кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро гузоштааст.
Истиқлолият дар ҳақиқат барои кишвар ва мардуми мо заминаҳои пешрафтро фароҳам овард. Бо нигоҳе ба ободкориҳо ва созандагиҳои даврони соҳибихтиёрӣ, метавон гуфт, ки Истиқлолият дарвозаи пайвандшавии Тоҷикистон ба ҷаҳон шуд.
Бояд иброз намуд, ки мо – мардуми саодатманди тоҷик ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш созем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст. Ҳамзамон бо ин, ба қадри ин неъмати бебаҳо - яъне Ватан ва Истиқлолияти он расидан масъулияти аз ин ҳам бузургтар мебошад.
Пойдору ҷовидон бод Истиқлолияти миллати куҳанбунёд, сулҳдӯст, бунёдкор ва фарҳангпарвари тоҷик, ки дар роҳи адолат зери пайроҳаи таърих дар шебу фарозҳо, шикасту пайвастҳо, ахиран соҳибистиқлол гардид! Ҷашни Истиқлоли давлатӣ муборак ҳамватанониазиз!
Раёсати ёрии ҳуқуқӣ,робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Вазорати адлияи ҷумҳурии Тоҷикистон