Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин саҳифаҳои таърихи навини миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, ки он рӯзи 9-уми сентябри соли 1991-ум расман эълон гардид ва бо ин воқеа мардуми тоҷик тавонистанд бори дигар соҳиби давлатдории мустақили худ гарданд.
Истиқлоли давлатӣ дар шароите ба даст омад, ки Иттиҳоди Шуравӣ пош хӯрда, кишварҳои аъзо роҳи озодии сиёсӣ ва иқтисодиро интихоб мекарданд.
Тоҷикистон низ ҳамчун яке аз ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ имконият ёфт, ки роҳи мустақилонаи худро пеш гирад ва соҳиби тақдири сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии худ гардад.
Аммо ба даст овардани истиқлол танҳо оғози роҳ буд, зеро пеши роҳ мушкилот ва санҷишҳои зиёд қарор доштанд.
Дар солҳои аввали истиқлол Тоҷикистон ба буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардид, ки яке аз сангинтарин озмоиш ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 буд.
Ин давраи фоҷиабор ба давлат ва миллат зарбаҳои ҷиддӣ зад, иқтисодро вайрон кард, субботу оромиро аз ҷомеа бурд ва ҳазорҳо нафар шаҳрвандонро ба муҳоҷират водор намуд.
Бо вуҷуди ин, бо иродаи қавии мардум ва талошҳои роҳбарияти кишвар, махсусан бо ташаббус ва сиёсати сулҳофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон тавонист ба ин буҳрон хотима бахшида, роҳи сулҳу ваҳдатро интихоб намояд.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар соли 1997 нуқтаи калидии барқарории давлатдории устувор гардид ва ба мардуми тоҷик имконият дод, ки бо иттиҳод ва ҳамкории тамоми қувваҳои сиёсӣ ҷомеаи навини худро созанд.
Истиқлол барои Тоҷикистон танҳо озодии сиёсӣ набуда, балки рамзи эҳёи фарҳанг, забон, арзишҳои миллӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ гардид. Дар замони шуравӣ бисёре аз арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ ба канор гузошта мешуданд, аммо пас аз истиқлол имконият фароҳам омад, ки забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирад, расму оинҳо эҳё гарданд ва илму фарҳанги миллӣ рушд ёбад.
Ҳамзамон, истиқлоли давлатӣ ба кишвар имконият дод, ки сиёсати хориҷии мустақилро ба роҳ монад ва бо тамоми кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор кунад. Истиқлол ҳамчунин ба мардуми тоҷик эътимоди нав бахшид, зеро онҳо худро ҳамчун як миллати дорои давлати мустақил эҳсос карданд.
Ин эътимод дар таҳкими ҳуввияти миллӣ нақши муҳим бозид ва ҷавононро водор кард, ки таърих ва фарҳанги худро бештар омӯзанд, ба забон ва арзишҳои миллӣ арҷ гузоранд ва дар роҳи ободии кишвар саҳм гузоранд.
Дар баробари ин, Истиқлол инчунин масъулият аст, зеро давлат ва миллат бояд барои рушди устувор, амният ва пешрафти ҷомеа кӯшиш намоянд.
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки рақобати иқтисодӣ, таҳдидҳои ҷаҳонӣ ва мушкилоти экологӣ зиёданд, Тоҷикистон маҷбур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва бо такя ба захираҳои дохилӣ, барои беҳбуди зиндагии шаҳрвандон ва таҳкими мавқеи худ дар арсаи байналмилалӣ талош варзад.
Самараи истиқлоли далатӣ бисёр зиёд буда, Тоҷикистон ба пешрафтҳои хуби дохиливу берунӣ даст ёфт, аз ҷумла:
1. Тоҷикистон узви созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ гардида, равобити дуҷонибаи худро бо кишварҳои зиёди ҷаҳон ба роҳ монд.
Аз 2-юми сентябри соли 1992-юм Тоҷикистон узви СММ буда, дар арсаи байналмилалӣ дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон дорои як овоз мебошад.
2. 24-уми ноябри соли 1992-юм Парчами миллии Тоҷикистон, 28-уми декабри соли 1993-юм Нишони далатии Тоҷикистон ва 7-уми сентябри соли 1994-ум Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, ки рамзи соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошанд.
3. Бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд, ки Тоҷикистонро - соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуд.
Дар даврони истиқлол ба тамоми қонунгузории кишвар ислоҳот ворид гардида дар таҳрири нав кодексҳо ва қонунҳо қабул карда шудааст.
Инчунин, қонунҳои миллӣ “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” қабул гардидаанд, ки қонунҳои нодир ба шумор мераванд.
4. Таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 23-юми феврали соли 1993.