Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, барои пешгирӣ аз ин вабои аср тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст.
Бо мақсади мустаҳкам намудани сиёсати зиддикоррупсионӣ ва таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии мубориза бо коррупсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд. Низоми қонунгузорӣ дар самти муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи бунёдӣ дошта, дар раванди инкишоф ва рушд қарор дорад.
Дар ҷумҳурӣ се маротиба қонунгузории муқовимат бо коррупсия мукаммал гардида, 11 декабри соли 1999, №875 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» (4 боб, 18 модда), баъдан дар таҳрири нав 27 июли соли 2005, №100 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» (5 боб, 18 модда) ва ахиран 07 августи соли 2020, №1714 (7 боб, 36 модда) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» қабул карда шуд.
Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар самти муқовимат ба коррупсия пешбинигардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба санади барномавии муайянкунандаи дурнамои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, аз ҷумла бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504
«Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул карда шуданд. Бояд гуфт, ки стратегияҳои қабулгардида бо мақсади андешидани чораҳои маҷмӯии ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ дар ин самт, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди муқовимат бо коррупсия ба тасвиб расиданд, ки дар доираи онҳо як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.
Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 дар самти такмили низоми қонунгузорӣ дар ин раванд муқаррароти мушаххасро пешбинӣ намуда, баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва ҳамкории мутақобилаи ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти давлатӣ асосҳои ҳуқуқиву ташкилиро муқаррар намудааст.
Дар давраи амали Стратегияи болозикр 8 маротиба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», 1 маротиба ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва 6 маротиба ба Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон
«Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ворид карда шуда, иловаҳои воридгардида, заминаи дар таҳрири нав қабул намудани Қонунро гузоштанд. Бо ин назардошт, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» 07 августи соли 2020, №1714 дар таҳрири нав қабул гардид, ки аз 7 боб ва 36 модда иборат буда, муносибатҳо дар ин самтро ба танзим медарорад. Омӯзиш ва таҳлили васеи таҷрибаи кишвар нишон дод, ки самти муқовимат бо коррупсия ҷабҳаҳои гуногун дошта, мубориза ба он дар навбати аввал қарор мегирад, чунки аз мазмуни қонун бармеояд, ки мубориза бо коррупсия ҷузъи муҳимтарини муқовимат мебошад.
Дар қонуни мазкур самтҳои гуногуни мақовимат баррасӣ шудаанд. Тибқи қисми 5 моддаи 40 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», номи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва қисмҳои таркибии он бояд возеҳу мухтасар ва фаҳмо бошад ва мазмуни асосии матни онро дақиқ ифода намояд. Ҳамчунин, дар асоси моддаи 42 қонуни мазкур, номи санади меъёрии ҳуқуқӣ мавзӯи танзими ҳуқуқии санади меъёрии ҳуқуқӣ ва мазмуни асосии онро инъикос менамояд, ифода гардидааст.
Дар Фарҳанги тафсири забони тоҷикӣ бошад, таҳти мафҳуми калимаҳои «муқовимат/муқовамат – рӯ ба рӯ истода зиддият нишон додан ба касе (чизе); истодагарӣ, муқобилӣ» ва таҳти мафҳуми калимаи «мубориза – ҷанги дутарафа, муҳориба» нишон ва шарҳ дода шудааст.
Ҳамзамон, барои боз ҳам ҷоннок намудани муқомимат бо коррупсия дар ҷумҳурӣ «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз 3-юми августи соли 2021, №222 ба муборизаи беамон ва коҳиш додани сатҳи болоравии коррупсия дар кишвари азизамон заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузоштанд.
Бояд гуфт, ки коррупсия механизми рақобати бозорро вайрон сохта, сабаб мешавад, ки ғолиб на субъекти рақобатпазир, балки он субъекте мегардад, ки бартариро тавассути пора додан соҳиб гардидааст. Ин заминаи кӯмаки раванди монополия намудани соҳаҳои алоҳидаи иқтисодӣ ва паст гардидани идеяи рақобати озоди бозоргонӣ мегардад. Коррупсия аз паси худ тақсимоти нодурусти захираҳои буҷети давлатиро самар меорад, махсусан, ҳангоми тақсимотсозии фармоишҳои давлатӣ ва ҷудо кардании қарзҳо.
Аз ин сабаб, садди роҳи амалишавии барномаҳои давлатӣ мегардад. Ҳамзамон ин зуҳурот ба баландшавии арзиши маҳсулот ва хизматрасонӣ оварда мерасонад, ки дар натиҷаи он истифодабарандагон зарар мебинанд.
Коррупсия воситаест, ки барои рушди олами ҷиноӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Ин ба паст гардидани воридшавии андоз ба буҷети давлат, ғеҷиши капитал ба хориҷи кишвар, душвор гардидани иҷрошавии вазифаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии давлат оварда мерасонад.
Яке аз масъалаи муҳимтарини коррупсия, равшанӣ андохтан ба моҳият ва бартараф кардани заминаҳои он, муайян кардани андозаи зарар аз ин падидаи ҷамъиятӣ мебошад.
Дар баробари ин, ба андешаи мо барои решакан намудани амалҳои коррупсионӣ бояд механизми ҳуқуқии таъминоти давлатӣ оид ба рушд додани мафкураи зиддикоррупсиониро таҳрези намуда, барои амалинамоии он барномаҳои кӯтоҳмуддатро қабул намуд.
Раёсати ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Вазорати адлияи ҷумҳурии Тоҷикистон