27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Дар он ормони халқи мо бо каломи ширини Сулҳ ва Ваҳдат таҷассум ёфта, дар як муддати кӯтоҳ ҷомаи амал пӯшидани ин орзу гувоҳи тинати поку сулҳпарвар, фарҳанги сиёсӣ ва заковати баланди мардуми тоҷик аст.
Халқи Тоҷикистон санаи баимзорасии ин ҳуҷҷати воқеан сарнавиштсозро ҳамчун сарчашмаи якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстию рафоқат пазируфт ва он рӯзи муборак дар асоси фармони Президенти ҷумҳурӣ бо номи “ Рӯзи Ваҳдат” маъмул гардид
Ба ин рӯзу ба ин санад ихлос кардану меҳр бастани мардуми мо бесабаб нест. Зеро халқе, ки бар асари найрангу фитнаангезии душманони дохилию хориҷӣ гирифтори ҷанги хонумонсӯз гардид, фарзандонашро талаф дод, ранҷ кашид, азоби раҳдурии Ватанро чашид, ба қадри сулҳу салоҳ мерасад.
Сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рӯзи фирӯз мардуми моро лозим омад, ки роҳи тӯлонии ноҳамворро тай намояд, монеаҳои сангинро аз миён бардорад ва мушкилоти гаронро паси сар кунад.
Маҳз ҳамин ҳисси масъулият барои имрӯзу фардои Ватан ва миллат имкон дод, ки баъд аз низоъ ва мухолифати тулонӣ мо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва созандагиро пеш гирем. Ва имрӯз дар қатори мафҳумҳои муқаддаси Ватан, модар, сулҳ ва истиқлолият калимаи ваҳдат мақоми арзанда гирифт ва ҳоло аз ҷумлаи серистеъмолтарин калимаҳои забонамон аст.
Ин, албатта, тасодуфӣ нест. Дар баҳои азобу машаққат ва нокомиҳои солҳои ноороми гузашта, халқи мо як чизро бо тамоми ҳастӣ дарк намуд: танҳо сулҳу салоҳ ва ваҳдати ҳамагонӣ халқи моро аз гирдоби офатҳо раҳонида метавонад, танҳо дар ҳамин сурат ободии кишвар ва некӯаҳволии мардум муяссар мегардад.
Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумӣ муқовимати мусаллаҳона барҳам дода шуд, фазои мусоиди сиёсӣ фароҳам омада, пояҳои давлат ва истиқлолият мустаҳкам гардиданд, робитаҳо бо кишварҳои ҷаҳон густариш ёфтанд. Шиори “Ба ҷойи сӯзандагӣ-созандагӣ”! ба миён омада, мардуми кишварро ба ободонии сарзамин ва дигар амали хайр ҳидоят намуд.
Ваҳдати миллӣ барои миллати сарбаланду фарзона ва мутамаддини тоҷик ба як мактаби эътимодбахшу тақдирсоз табдил ёфта, ба таври ҳамешагӣ вориди рӯзгори мо шуд ва пояҳои давлатдорию давлатсозиамонро боз ҳам таҳким бахшид. Дар он рӯзҳои тақдирсози таърихи худ мо дарк намудем, ки идомаи ҷанги шаҳрвандӣ ва шиддат ёфтани муқовимати мусаллаҳона метавонад боиси барҳам хӯрдани давлати тоҷикон, пароканда шудани миллати тоҷик ва ҳатто аз байн рафтани марзу буми ягонаи он гардад.
Роҳбарияти тозаинтихоби мамлакат дар таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ мухолифони сиёсии мусаллаҳро ба сулҳ ва музокирот даъват намуда буд. Яъне, аз рӯзҳои аввали барқарор кардани сохти конститутсионӣ ҷангу зуроварӣ ҳамчун василаи ба эътидол овардани вазъи ҷомеа рад гардида, роҳи осоишта ва сиёсии ҳалли мухолифатҳо аз тариқи гуфтушуниди ҷонибҳо ба миён гузошта шуд
Дар ҳамин замина миллати тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки дар ҳақиқат яке аз миллатҳои куҳанбунёду фарҳангии дунё, мутамаддину хирадпеша ва сулҳхоҳу ботаҳаммул мебошад. Дар марҳилаҳои таърихӣ ва тақдирсоз метавонад, ки бо ҳам муросою мадоро намояд ва ҷангу низои дохилиро бартараф созад, агар роҳбару раҳнамо ва мушкилкушое чун Сарвари муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дошта бошад
Ҳамаи ин пешрафтҳоро мо аз баракати Ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, сулҳу суботи пойдор, заҳмати пурмаҳсули мардум ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат медонем.
Раёсати ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон