Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, дар шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат чорабинии идона баргузор гардид. Дар доираи ин иқдом, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Ваҳдат Шоира Шарифзода ба кӯдакони навзод шаҳодатномаҳои таваллудро тақдим намуда, ба модарони онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид. Чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани арзиши иҷтимоии оила, дастгирии равонии модарони ҷавон, инчунин тарғиби қайди саривақтии таваллуди кӯдакон баргузор гардид. Зимни баромади худ Шоира Шарифзода модаронро бо таваллуди фарзанд табрик гуфта, зикр кард, ки «ҳар кӯдак ҳуқуқ дорад аз лаҳзаи таваллуд соҳиби ҳуҷҷати расмии шахсият бошад ва мақомоти САҲШ кӯшиш мекунанд, ки ин ҳуқуқ амалӣ гардад». Ҳамчунин ба ҳар яке аз модарон маҷмӯи тӯҳфаҳои гигиенӣ ва лавозимоти кӯдакона тақдим карда шуд. Модарон ба чунин иқдоми нек изҳори миннатдорӣ намуда, онро ҳамчун аломати таваҷҷуҳи давлату ҷомеа ба оила ва кӯдакон арзёбӣ намуданд.