Имӯз, 29-уми майи соли 2025-ум вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ҳайати Донишгоҳи сиёсат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии раиси Шурои умумидонишгоҳии Донишгоҳи мазкур Тсзян Тсзетингро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои ҳуқуқӣ, ташкил ва баргузор намудани курсҳои такмили ихтисос барои кормандони Вазорат, омода намудани мутахассисони соҳаи ҳуқуқ ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлия муҳокима карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки Донишгоҳи сиёсат ва ҳуқуқи Чин соли 1952 таъсис дода шуда, яке аз марказҳои тадқиқотии Чин ба ҳисоб меравад. Донишгоҳ мутахассисони соҳаҳои ҳуқуқ, сиёсат, фарҳанг, таърих, фалсафа, иқтисод, менеҷмент ва забонҳои хориҷиро омода менамояд.
Дар маҷмуъ вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва руҳияи созанда баргузор гардид.