Яке аз самтҳои калидии паёмҳои Сарвари давлат ин рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи саводнокии аҳолӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии солимии миллӣ дар байни ҷавонон мебошад. Пешвои миллат пайваста таъкид медоранд, ки насли нав бояд на танҳо соҳиби дониши замонавӣ, балки дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ бошад.
Бо пешниҳоди ташкили Марказҳои таҳсилоти иловагӣ, мактабҳои инноватсионӣ, дастгирии стипендиявӣ ва таҳкими омӯзиши фанҳои дақиқ, Пешвои миллат роҳеро нишон медиҳанд, ки тавассути он метавон насли тавоно, бунёдкор ва миллатдӯстро ба камол расонд. Ин раванд як ҷузъи ҷудонашавандаи андешаи миллӣ маҳсуб ёфта, бевосита дар паёмҳо таҷассум меёбад.
Паёмҳо танҳо бо суханони шевои миллӣ маҳдуд намешаванд. Дар онҳо таҳлилҳои амиқи иқтисодӣ, дурнамои афзоиши истеҳсолот, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва рушди бахши хусусӣ ҷой доранд. Ин нишони он аст, ки андешаи миллӣ на танҳо хислати фарҳангӣ, балки моҳияти иқтисодӣ ва амниятӣ низ дорад.
Ҳар як ташаббус ва иқдоми ироашуда дар Паём, хоҳ дар соҳаи энергетика бошад, хоҳ дар бахши кишоварзӣ ё саноат, таҳти принсипи хидмат ба манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти иқтисодӣ ва озуқавории кишвар тарҳрезӣ мешавад. Дар ин замина, сиёсати хориҷӣ низ ҳамчун идомаи мантиқии андешаи миллӣ таҳлил ва арзёбӣ мегардад.
Паёмҳои солона ҳамчунин дастуре мебошанд барои рушди фарҳанг, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, эҳёи мероси ғайримоддӣ ва таблиғи арзишҳои тамаддуни тоҷикон. Махсусан таъкид ба меҳварсозии забони давлатӣ, ҷашн гирифтани санаҳои таърихӣ, ва фароҳам овардани шароити мусоид барои адибон ва зиёиён аз ҷумлаи он тадбирҳоянд, ки дар асоси андешаи миллӣ амалӣ мешаванд.
Ҳар Паём дар худ як рисолати маънавӣ дорад, ки миллатро дар шароити буҳрони фарҳангии ҷаҳонӣ ба роҳи худшиносӣ ва худбаҳодиҳӣ мебарад. Ҳамин таваҷҷуҳи пайгирона ба фарҳанг ва маънавиёт сабаб шудааст, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои минтақа бо суботи сиёсӣ ва ҳамбастагии дохилӣ намоён аст.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин танҳо як ҳуҷҷати расмӣ нест. Ин барномаи амали миллӣ, дастури маънавии ҷомеа, манбаи ҷаҳонибинии давлатӣ ва таҷассумгари рӯҳияи худшиносии халқ аст. Он ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон – хоҳ ҷавон бошад, хоҳ калонсол масъулияти амалӣ дода, вазифаи муҳимро ба дӯш мегирад: сохтани ҷомеаи миллӣ, устувор ва соҳибтамаддун.
Аз ин рӯ, ҳар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон ҳамчун дастури андешаи миллӣ тавсиф кард, ки ба эҳёи ифтихори миллӣ, ваҳдати ҷамъиятӣ ва ояндаи шукуфои Тоҷикистон хидмат мекунад.
Осимӣ Зевар,
нотариуси давлатии Идораи нотариалии
давлатии ноҳияи Спитамен