Аз 15-ум то 17-уми май бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сарфаю сариштакорӣ, пешгирии талафот ва дуздии неруи барқ суҳбату вохӯриҳо, ки аз ҷониби устодони Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав ба роҳ монда шуда буд ба анҷом расид.
Дар суҳбату вохӯриҳо таъкид гардид, ки дуздии неруи барқ дар Тоҷикистон як масъалаи ҷиддии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки аз шаҳрвандон чораҳои қатъӣ ва ҳамоҳангшудаи давлатӣ ва ҷамъиятиро талаб мекунад. Таъсиси ситодҳои вижа, насби ҳисобкунакҳои муосир ва баланд бардоштани маърифати мардум метавонанд дар коҳиш додани миқёси дуздии барқ ва беҳтар кардани вазъи энергетикии кишвар нақши муҳим дошта бошанд.
Ёдовар мешавем, ки 15 апрели соли ҷорӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд. Лоиҳаи ин санад дар асоси супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 27 марти соли 2025 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд, аз ҷониби Вазорати адлия таҳия гардид.