12-уми майи соли равон аз ҷониби устодони Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сарфаю сариштакорӣ, пешгирии талафот ва дуздии неруи барқ, дар ҳудуди шаҳри Турсунзода корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.
Гуруҳи корӣ тасмим гирифтааст, ки ба шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳое, ки ба қонунгузории кишвар дар самти истифодаи ғайриқонунӣ, талаф ва дуздии неруи барқ равона гардидааст бо усули деҳа ба деҳа бо сокинони шаҳри Турсунзода корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монад.