Шуруъ аз 15 апрел то 1 майи соли равон, ҳуқуқшиносони давлатии Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» (МДМЁҲ) дар се семинари омӯзишии серӯза оид ба «Танзими ҳуқуқии фаъолияти шаҳрсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иштирок намуданд.
Дар тренингҳои омӯзишӣ мавзӯҳои гуногун ва рӯзмараи соҳаи ҳуқуқӣ баррасӣ ва таҳлил гардиданд.
Ҳуқушиносони давлатӣ дар ин семинарҳо дониши назариявӣ ва малакаҳои амалии худро тавассути ҳал ва муҳокимаи масъалаҳои муҳимтарини вобаста ба ин соҳаи ҳуқуқ такмил доданд.