Мақолаи мазкур ба нақши оила ва ҷомеа дар ташаккули фарҳанги истифодаи барқ бахшида шудааст. Дар он мушкилот ва имкониятҳо барои баланд бардоштани маърифат дар бораи сарфакории нерӯи барқ ва таъсири он ба муҳити зист ва иқтисодиёт баррасӣ карда мешавад. Мақсад, омода кардани шахсиятҳои масъулиятшинос ва эҷод кардани муҳити ҷамъиятии устувор барои сарфакории барқ мебошад.
Фарҳанги истифодаи барқ на танҳо бо сиёсати давлатӣ ва иқтисодӣ алоқаманд аст, балки бо тарбияи шахсиятҳо ва ҷомеа низ мустаҳкам карда мешавад. Оила ва ҷомеа дар ташаккули одатҳои истеъмол ва сарфакории манбаҳои энергетикӣ нақши муҳим доранд. Бо дарназардошти масъалаи сарфаи неруи барқ ва кам кардани талафот дар мамлакат, нақши оила ҳамчун аввалин муҳити таъсири фарҳангии инсон ба сарфаи барқ бо роҳи тарбияи дурусти фарзандон ва интихоби маърифати дуруст оид ба истифодаи нерӯи барқ хеле муҳим мебошад.
Оила ҳамчун аввалин макони таълим ва тарбия барои фарзандон ба ҳисоб меравад. Агар аъзои оила одат кунанд, ки барқро дуруст истифода намоянд — чароғҳоро хомӯш кунанд, истифодаи таҷҳизоти барқии зиёдатӣ, ба монанди телевизор, насосҳои обкаш ва ғайраҳоро агар бе зарурат бошанд хомӯш намоянд он гоҳ фарзандон низ ин одатҳоро дар худ мегиранд. Таълим дар бораи сарфакории барқ ва зарарҳои исрофкорӣ дар оила метавонад таъсироти мафкуравӣ қариб тамоми оилаҳоро бо роҳандозии амалҳои хурд ва одатҳо, ки дар оила сурат мегиранд, тағйир диҳад.
Ба илова, агар оилаҳо бо роҳҳои илмӣ ва муассир сарфаи барқро анҷом диҳанд, ҳамчунин фарзандон ба ин масъалаҳо диққати бештар медиҳанд ва дар оянда фарҳанги сарфакоронаи худро дар ҷомеа ба роҳ мемонанд.
Ҷомеа, ки дар якҷоягӣ бо оила ва муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ кор мекунад, метавонад дар таҳкими фарҳанги истифодаи барқ кӯмак расонад. Масҷидҳо, мактабҳо, клубҳо ва дигар марказҳои ҷамъиятӣ метавонанд дар насб кардани дастгоҳҳои сарфанок ва пешниҳод кардани муҳити бехатар барои омӯзиш ва иштироки омма дар чорабиниҳои тарбиявии энергетикӣ саҳм гузоранд. Бо ҳамин тартиб, баргузории дарсҳои тарғиботии сарфакории барқ ва таъсис додани қароргоҳҳо барои корҳои ҷолиб ва рақамӣ дар байни ҷавонон бо вуҷуди фарҳанги шод ва амалҳои хурдаки онҳо, метавонанд ҳамзамон масъулиятшиносии энергетикаро афзоиш диҳанд.
Таъсироти оила ва ҷомеа дар рушду густариши фарҳанги истифодаи барқ то андозае бар ақидаҳо ва арзишҳои фарҳангӣ таъсир мерасонад. Инро метавон бо ташкили як муҳити иҷтимоии дуруст дар оилаҳо ва ҷомеаҳо мусоидат намуд. Ба назар мерасад, ки танҳо омодагии маърифати қавии манзилҳои муосир ва воситаҳои таъсирбахш метавонанд таъсири назаррасе дошта бошанд.
Ташаккули фарҳанги дурусти истифодаи барқ аз хона ва ҷомеа оғоз мегардад. Оилаҳо ва муассисаҳои таълимӣ бояд масъулияти амиқи тарбияи сарфакорӣ ва истифодаи дурусти манбаъҳои энергетикӣ дошта бошанд, то ки на танҳо эҳтиром ба манбаъҳои табиӣ, балки эҳтиром ба якдигар ва муҳити зист ба миён ояд. Бо иқдомҳои ками хурдак ва сиёсати дурусти тарбият, метавон ҷомеаро ба маърифати баланд дар истифодаи нерӯи барқ ва сарфакорӣ расонид.
Осимӣ Зевар,
нотариуси давлатии Идораинотариалии давлатии ноҳияи Спитамен