Имрӯз дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Асадулло мизи мудаввар дар мавзӯи “Баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии “Маърифати шаҳрвандӣ”, “Мададгор”, Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар мизи мудаввар доир ба мавзӯҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон, нақши ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти фаъолият бо ақаллиятҳои миллӣ муҳокимаи афкор сурат гирифт.