Бо шарофати Ваҳдати миллӣ бо такя ба хиради азалӣ, бо дарки томи масъулияти ватандорию хештаншиносӣ мардуми сарбаланди тоҷик таҳти роҳбарии Сарвари оқилу дурандеш ва муътабари хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому эътибори ин сарзамини аҷдодиро дар арсаи ҷаҳон устувортар намуд.
Имрӯз бархе аз давлатҳои ҷаҳон барои ба даст овардани сулҳу ваҳдат талошҳои зиёде намуда, аммо ба он ноил намегарданд. Мо-миллати тоҷик, ки бо истифода аз заковати воло ва хиради азалӣ ба ин дастоварди гаронмоя-Ваҳдати миллӣ сазовор шудаем, бояд онро ҳифз намуда, таҳким бахшем. Ҳодисаҳои нангини солҳои нобасомонӣ, бахусус надоштани сулҳу субот, нооромиву нофаҳмӣ, ба ҳалокат расидани даҳҳо нафар сокинони бегуноҳ, ба ҳаёти талх мубадал гаштани рӯзгори занону модарон, фирор кардани шаҳрвандон ба дигар давлатҳо ва гирифтории онҳо ба азобу машаққат бори дигар ҳар яки моро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, муттаҳид бошем ва суботи сиёсиро дар Тоҷикистони азизамон боз ҳам устувортар гардонем. Зеро рушди ҷомеа, рӯзгори осуда ва умеду орзуи ҳар як шаҳрванд махсусан ҷавонон танҳо дар сурати пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ метавонад амалӣ шавад.
Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими Истиқлолият, худогоҳиву хештаншиносӣ ва рушди ҳаёти осудаи мардум басо барҷаста аст ва барои поянда нигоҳ доштану таҳкими пояҳои он аз халқи тоҷик дарки баланди масъулиятшиносӣ дар масири ватандӯстиву миллатпарварӣ тақозо мегардад. Зеро сулҳи деринтизор мо-халқи тоҷикро аз парокандагӣ ва давлатамонро аз вартаи нестӣ раҳо намуд. Ҳар тоҷику тоҷикистонӣ, ки ифтихор аз тоҷик будан дорад, баяд арзишҳои Ваҳдати миллиро пос дорад ва ҳаргиз таъриху тамаддун, фарҳанги воло ва ғуруру ифтихори милии худро фаромуш насозад. Бо шарофати ин дастоварди нодири миллӣ халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик рӯ ба бунёдкориву созандагӣ ниҳода, дар самти муаррифии таъриху тамаддуни волои худ ба ҷаҳониён шарафёб гардид.
Воқеан Ваҳдат ва суботи сиёсӣ имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаҳои мусоид муҳайё гардад. Ваҳдати миллӣ-чун қувваи иттиҳод барои халқу давлати мо муқаддасу гаронмоя аст. Ватанро сидқан ва мисли ҷони худ дӯст доштан, ба қадри обу хоки диёр расидан, Ватанро аз ҳама гуна хатару таҳдидҳо ҳифз кардан, эҳтирому эътиқод ба арзишҳои муқаддаси кишвар ва барои пойдории Ваҳдати миллӣ саъю талош намудан, вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як фарди бедордилу худогоҳи ин сарзамин аст. Маҳз Ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоиш моро шарафёб кард ба гомҳои бузурги бунёдкориву созандагӣ. Татбиқи чор ҳадафи стратегии халқу давлати Тоҷикистон, пешрафту шукуфоӣ, ҳаёти осудаи мардум аз Ваҳдат аст. Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон мавриди омӯзиши кишварҳои гуногуни олам, бахусус кишварҳое, ки дар онҳо ҷангҳои дохилӣ ҷараён дорад, қарор гирифтааст. Дар ҳамоишу конфронсҳои байналхалқӣ сулҳи тоҷикон намунаи ибрат дониста мешавад. Меҳвари рушди ҳаёти мардум ва пешрафту тараққиётро сулҳу ваҳдат ташкил медиҳад ва пояндаву устувор, ҷовидона нигоҳ доштани суботу оромиш ва Ваҳдати миллӣ қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номуси сарзамини муқаддас-Тоҷикистон соҳибистиқлол дониста мешавад.
Қудратбекова Нилуфар Марамбековна. Мудири шӯьбаи чорводорӣ, чарогоҳ ва тадбиқи дастовардҳои илмии Маркази илмии кишоварзии Помир.