Рушди замбурпарварӣ дар ВМКБ яке аз самтҳои сердаромад ва ояндадори бахши кишоварзӣ ба шумор меравад. Иқлими хос ва табиати бокира ва мавҷудияти гиёҳҳои шифобахши кӯҳи барои истеҳсоли асали босифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза шароити беназир фароҳам меоваранд.
Омӯзиши халқ оид ба замбурпарварӣ дар оянда яке аз қадамҳои стратегӣ ва муҳим барои рушди иқтисодиёти деҳот, ҳифзи табиат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, махсусан дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон (ба мисли ВМКБ) ба шумор меравад. Мақсади асосии рушди замбурпарварӣ ин манбаи даромади иловагӣ ва таъсиси ҷойҳои кори барои занону ҷавонон. Дар ВМКБ ин пеш аз ҳама огоҳ намудани мардум аз аҳамияти молиявӣ ва иқтисодии соҳа мебошад.
Маркази илмии кишоварзии Помир таслим гирифтааст, ки дар оянда таёр намудани мутахассисони соҳавии занбури асалпарвариро густариш диҳад ва сифати онро ба куллӣ беҳтар созад.