Имрӯз кормандони Маркази илмии кишоварзии Помир дар ноҳияи Рӯшон корҳои амалиро оид ба кишти картошка ва сабзавот бо ҷидду ҷаҳд идома дода истодаанд. Маркази илмии киоварзии Помир дар ноҳияи Рӯшон заминҳои таҳқиқотии худро барои омӯзиши зироаткорӣ дар шароити баландкӯҳ истифода мебарад. Ин заминҳо ҳамчун пойгоҳи асосии омӯзишӣ барои мутобиқгардонии навъҳои нави картошка ва сабзавот хизмат мекунанд. Фаъолияти имрӯзаи Маркази илмии кишоварзии Помир дар Рӯшон нишон медиҳад, ки кишоварзии ин минтақа аз усулҳои анъанавӣ ба усулҳои илман асосёфта гузашта истодааст. Ин имкон медиҳад, ки ҳатто дар заминҳои камҳосил ҳосили дилхоҳ ба даст оварда эҳтиёҷоти оилаи худро бо маҳсулоти тару тоза таъмин намоянд.