Тибқи нақшаи кории Маркази илмии кишоварзии Помир дар санаи 18 -уми июли соли 2024 мизи мудаввар дар мавзуи " Равнақи рушди сабзавоткорӣ ва картошка дар шароити ноҳияи Шуғнони ВМКБ " баргузор гардид. Дар ҳамоиш гузоришҳо оиди -"Мавқеи соҳаи растанипарварӣ ва дурнамо он дар таъмини амнияти озуқавории ВМКБ " , - "Баъзе натиҷаҳои омӯзиши навъҳои картошка ва зироатҳои сабзавотӣ дар шароити кӯҳистони Бадахшон", " - "Ҳашаротҳои зараррасони картошкаю сабзавот ва усулҳои мубориза ба муқобили онҳо дар шароити баландкӯҳи Бадахшон "баррасӣ гардида аз кишти зироатҳои кишоварзии заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоъати Поршиневи қишлоқи Бувед дидан карда шуд ва дар амалия ба деҳқонон корҳои агротехникии парвариши сабзавот ва картошка фаҳмонда дода шуд.