Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба сарсабзгардониву покизагӣ ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, корҳои кабудизоркуниву созандагӣ вусъат ёфта сокинони ин минтақа бо истифода аз ҳашарҳои дастаҷамона ҳамарӯза кабудизоркуниро равнақ бахшида истодаанд. Дар қатори дигар корхонаву муассисаҳо кормандони Маркази илмии кишоварзии Помир низ дар ҳашари дастаҷамонаи бунёди боғи мевадиҳанда дар ноҳияи Шуғнони деҳоти Шитам фаъолона иштирок намуданд.