Ҷиҳати татбиқи Нақшаи амали солҳои 2025 – 2027-и Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар қитъаи ба Кумита вобастагардида – ҳудуди маҳаллаи Бӯстон ва А. Шукӯҳии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар баҳори соли 2025 зиёда аз 5 ҳазор бех ва дар моҳи январ ва феврали соли 2026 ба миқдори 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуда, бо мақсади ҳифзу нигоҳдории минбаъдаи онҳо атрофи замин таворабандӣ ва барои сабзиши ниҳолҳо ҳамаҷониба чораҷӯйӣ карда шуда, дар мавсимҳои оянда иҷроиши нақшаи ба Кумита вобаста шуда ва сабзиши ниҳолҳои шинонидашуда, ба пуррагӣ таъмин карда мешавад.Инчунин, ҷиҳати обёри намудани заминҳои ба Кумита вобаста шуда, дар якҷоягӣ бо сокинони маҳҳалаи мазкур чоҳи амудӣ кофта ба истифода дода шуд, ки барои таъмини оби ошомидании сокинон ва таъмини ниҳолҳо ба обӣ полезиро дарбар мегирад.Ҳамзамон, бо мақсади саривақт гузаронидани назорати санҷиши сифати тухмии зироатҳои кишоварзӣ таъмин намудан бо сертификатҳои сифати тухмӣ ва шаҳодатнома дар заминҳои Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ, ки дар маҳаллаи “Гулобод”-и шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад, барои санҷиш ва додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ кишти картошкаи навъҳои маҳаллӣ “Нуринисо” ва “Шукрона” дар масоҳати 1,8 гектар кишт карда шудааст, дар мавсимӣ соли 2026 мебошад.Дар давоми ду моҳи соли 2026 аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқавории дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 225281 адад ташхис гузаронида шудааст, аз ин ба миқдори 46616 адад ташхиси гӯшт ва маҳсулотҳои гӯштӣ, 18433 адад ташхиси шир ва маҳсулоти ширӣ, 2717 адад ташхиси равған, 14118 адад ташхиси тухм, 2065 адад ташхиси маҳсулоти моҳигӣ, 1272 адад ташхиси асал, 20922 адад ташхиси маҳсулотҳои намакин, 11627 адад маҳсулоти хушк, 103253 адад ташхиси мева ва буттамеваи тару тоза, 4258 адад ташхиси маҳсулотҳои полезӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб тибқи талаботҳои байторию беҳдоштӣ маҳсулотҳои ҷавобгӯ набуда, аз ҷумла ба миқдори 6000,5 кг маҳсулоти гӯштӣ, 1266,7 кг (литр) маҳсулоти ширӣ, 225,5 литр равғани растанӣ, 4137 дона тухми паранда, 130,9 кг моҳӣ, 47,2 кг асал, 967 кг маҳсулотҳои намакин, 1239 маҳсулоти хушк, 70349 кг меваю сабзавот ва 1901 маҳсулоти полезӣ, ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок муайян карда, аз фурӯш боздошта шуда, нобуд карда шудаанд.