Вазорати молия ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии кормандони вазорату идораҳо дар самти банақшагирӣ ва таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бо ин мақсад пайваста семинарҳо ва дигар чорабиниҳои омӯзишию амалӣ баргузор менамояд.
Дар доираи чунин иқдомҳо аз 14 то 17 июли соли 2026 аз ҷониби Вазорати молия дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо семинари амалӣ оид ба ташкили раванди таҳияи лоиҳаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027–2029 баргузор гардид.
Ҳадафи асосии семинари мазкур тақвияти иқтидори касбии кормандони тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ дар самти банақшагирии стратегии буҷетӣ, таҳияи босифати ҳуҷҷатҳои асосии буҷетӣ ва таъмини робитаи мустақими афзалиятҳои сиёсати давлатӣ бо захираҳои мавҷудаи буҷетӣ ба ҳисоб мерафт.
Дар ҷараёни семинар иштирокчиён бо тақвими буҷетӣ, талаботи асосии Дастурамал оид ба таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ (марҳилаи дуюм), консепсия ва ҳадафҳои нави банақшагирии стратегии буҷетӣ, инчунин заминаҳои меъёрӣ ва сохтори нақшаи стратегии буҷетӣ шинос гардиданд. Ҳамзамон, тартиби муайян намудани ҳадафҳо, вазифаҳо ва тадбирҳо дар доираи нақшаҳои стратегии буҷетӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар маҷмӯъ, дар семинар бо назардошти сарпарастони соҳавӣ аз Вазорати молия 95 намояндаи тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ иштирок намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба муаррифии гурӯҳбандии нави барномавӣ барои ҳар як тақсимкунандаи асосии маблағҳои буҷетӣ, таҳияи дархостҳои буҷетӣ ва банақшагирии нишондиҳандаҳои буҷетӣ тавассути низоми мукаммалшудаи иттилоотии идоракунии молия равона гардид. Татбиқи чунин равишҳо имкон медиҳад, ки маблағҳои буҷетӣ бо ҳадафҳо ва натиҷаҳои мушаххас пайваст гардида, сифати банақшагирӣ, шаффофият ва самаранокии хароҷоти давлатӣ баланд бардошта шавад.
Дар қисмати амалии семинар лоиҳаҳои нақшаҳои стратегии буҷетии тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ муаррифӣ гардида, масъалаҳои вобаста ба таҳияи ҳадафҳо, нишондиҳандаҳои натиҷавӣ, барномаҳо ва зербарномаҳои буҷетӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Иштирокчиён ҳамчунин имконият пайдо намуданд, ки оид ба масъалаҳои амалии таҳияи ҳуҷҷатҳои буҷетӣ бо коршиносон мубодилаи афкор намуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас дастрас намоянд.
Семинари мазкур ба такмили раванди таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ, таҳкими банақшагирии миёнамуҳлат ва татбиқи пайгиронаи низоми буҷетикунонии ба натиҷаҳо нигаронидашуда мусоидат менамояд.