Нимаи дуюми рӯзи 23-юми июни соли 2026 дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия вохӯрии якҷояи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер Шофақир бо директори иҷроияи…
Нимаи дуюми рӯзи 23-юми июни соли 2026 дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия вохӯрии якҷояи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер Шофақир бо директори иҷроияи амалиётии Бонки Умумиҷаҳонӣ хонум Анна Бёрде сурат гирифт.
Дар оғози вохӯрӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба директори иҷроияи амалиётии Бонки Умумиҷаҳонӣ хонум Анна Бёрде барои дастгириҳои пайвастаи Бонк дар самти маблағгузории лоиҳаҳои ҳаётан муҳим, бахусус дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишварзӣ, инчунин ҷиҳати дастгирии буҷети давлатӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ, аз ҷумла раванди маблағгузории лоиҳаи стратегии кишвар - сохтмони иншооти НБО “Роғун” ва ҷалби сармояи сохторҳои молиявии байналмилалиро ба ин иншооти ҳаётан муҳим мавриди баррасӣ қарор доданд.