Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати бунёдкоронаи худ ба рушди босуботи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи мамлакат ВМКБ пайваста эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Ғамхориҳои Сарвари раиятпарварамонро хурду бузурги ин гӯшаи кишварамон эҳсос мекунанду бо самимияти беандоза ба Пешвои муаззами миллат эҳтиром мегузоранд.
Зимни сафари хеш ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди фаъолони вилоят иброз доштанд: «Ман аминам, ки шумо Бадахшонро ба яке аз муҳимтарин марказҳои тиҷорат ва саёҳати байналхалқии Тоҷикистон табдил медиҳед ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр аст, барои ба ин мақсад ноил гардидан кумаки зарурии худро расонад».
Маҳз бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо мақсади таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии Бадахшон барномаҳои комил ва аз нигоҳи таърихӣ тақдирсоз қабул гардидаанд. Дар заминаи нахустсафари Ҷаноби Олӣ Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои аввалиндараҷаи ба эътидол овардани вазъи иқтисодию сиёсии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» қабул гардид. Дар соли 1995 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» ба тасвиб расид, ки дар раванди ислоҳоти кулли соҳаҳои ҳаётан муҳими вилоят нақши хоса гузошт. Дар соли 2006 бошад, бо супоришу дастурҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии ВМКБ, рушди соҳибкории хурду миёна ва бахши хусусӣ, беҳтарсозии шароит барои фаъолияти сармоягузорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015» таҳия ва қабул гардид. Боиси қайд аст, ки дар даҳ соли амалисозии барномаи мазкур нишондиҳандаҳои асосии ба нақша гирифташуда таъмин гардиданд.
Соли 2007 бо мақсади суръатбахшии ҷараёни бунёдкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми вилоят бо фармоиши Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон «Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар тӯли солҳои 2007 — 2010» қабул гардид, ки дар доираи он таи чор сол наздик ба 50 иншооти ниҳоят муҳими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 110 млн. сомонӣ ба истифода дода шуданд. Соли 2015 бо мусоидати Ҳукумати мамлакат барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2016-2020» қабул гардиданд. Бо амалӣ шудани аксар бандҳои барномаҳо иншооти гуногун дар соҳаҳои роҳу энергетика, маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш ба истифода дода, заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуданд. Танҳо давоми солҳои 2016 – 2020 дар вилоят барои амалишавии 75 лоиҳа 1 миллиарду 127,9 млн. сомонӣ хароҷот гардидааст. Новобаста ба мушкилоти алоҳида дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар дар вилоят як қатор иншооти муҳими энергетикӣ, аз ҷумла НБО «Сипонҷ», «Техарв», «Андарбак», навбати аввали НБО «Помир-1», зеристгоҳҳои нисбатан пуриқтидор дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон дар масофаи қариб 60 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 35 кВт сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар ин давра барои рушди соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сохтмони иншооту роҳҳо ва дастгирии буҷети вилоят аз ҳама манбаи маблағгузорӣ қариб 3,1 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Махсусан бояд таъкид кард, ки дар шароити хеле мушкили иқтисодии ҷумҳурӣ, бунёди шоҳроҳи байналмилалии Мурғоб-Кулма-Қароқурум дар муддати кӯтоҳ анҷом пазируфт. Тавассути бунёди роҳи сенздаҳкилометраи мавзеи Девдара робитаи мустақими вилоят аз тариқи роҳи Кӯлоб-Дарвоз бо пойтахти мамлакат дар тамоми фаслҳои сол таъмин гардид. Таҷдиди ин шоҳроҳ ва ба талаботи муосири байналмилалӣ мутобиқ гардонидани тамоми мавзеъҳои он низ анҷом мепазирад.
Имрӯз Шоҳроҳи Абрешим, ки аз қаламрави Бадахшон мегузарад, тибқи арзёбии коршиносони сатҳи байналмилалӣ дар қатори даҳ мавзеи беҳтарини сайёҳӣ ҷой дода шудааст. Бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат соҳаи энергетика дар Бадахшон рушд ёфт ва дар навбати худ барои пешрафти соҳаҳои дигар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқ заминаи мусоид гардид. Бо таъсис ёфтани Ширкати «Помир энерҷӣ» дар қаламрави ВМКБ иқтидорҳои нави энергетикӣ бунёд ва дараҷаи таъминоти барқ дар вилоят нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар хеле беҳтар гардид. Бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо иқтидори беш аз 10 мегават идома дорад.
Тибқи «Барномаи рушди иқтисодӣ-иҷтимоии ВМКБ дар давраи то соли 2025» татбиқи тадбирҳо оид ба тармиму таҷдиди корхонаҳои амалкунандаи саноатӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, саноати сабук ва маҳаллӣ, масолеҳи сохтмонӣ идома доранд. Ҳамзамон, корхонаҳои коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсоли шиша, металлургияи ранга ва дигар соҳаҳои саноат таъсис ёфта истодаанд. Дар Бадахшони имрӯза бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва сулҳу оромӣ воситаҳои нави коммуникатсионӣ, аз қабили интернет, алоқаи мобилӣ, алоқаи кайҳонӣ, шабакаҳои нави алоқаи байналмилалӣ мавриди истифодаи мардуми кӯҳистон қарор гирифтанд.
Барои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг аз сарчашмаҳои гуногун, хоса аз буҷети давлат, маблағҳои калон равона карда мешаванд. Агар соли 1995 барои муассисаҳои таълимии вилоят аз буҷети давлатӣ 73 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда бошад, имсол барои рушди ин соҳа фақат аз буҷети давлатӣ беш аз 160,6 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки дар муқоиса ба соли 1995 қариб 800 маротиба зиёд мебошад. Буҷети соҳаи тандурустии вилоят аз 40 ҳазор сомонии солҳои аввали истиқлолият дар соли 2022 қариб ба 91,9 миллион сомонӣ расидааст, ки ин нисбат ба соли 1991-ум 700 маротиба зиёдтар мебошад.
Татбиқи амалии ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самараи Ваҳдати миллӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони имрӯзаро ба яке аз гӯшаҳои рушдёфта ва зебоманзари Ватани азизамон табдил додаанд.
Маҳмадбекзода М.Ш.,
доктори илмҳои сиёсӣ, директори Муассисаи давлатии
Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ