Сухроби Абдусалом
Начальник отдела делопроизводства Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан
Начальник отдела делопроизводства Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан
Начальник Управления бухгалтерского учета Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан
Руководитель Управления рынка труда и занятости населения Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан
Руководитель управления трудовых отношений и уровня жизни населения Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан
Начальник отдела планирования и исполнения бюджета Управления финансов, анализа и прогнозирования Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан
Начальник отдела развития квалификаций и ремесел Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан
Начальник отдела внутреннего аудита Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан
Начальник отдела планирования и исполнения бюджета Управления финансов, анализа и прогнозирования Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан
Раёсат дар доираи масъалаҳои ба салоҳияти он вогӯзоргардида вазифаҳои асосии зеринро амалӣ менамояд: - татбиқи функсияи Вазоратро оид ба таҳия ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ, танзими меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ таъмин менамояд; - татбиқи вазифаҳо оид ба ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вазоратро таъмин менамояд; - таъмини иттилоотӣ ва ташкилии фаъолияти Вазоратро аз рӯи масъалаҳои ба салоҳияти Раёсат мансуббуда амалӣ месозад.
Ба салоҳияти Раёсат пешбурди масъалаҳо оид ба таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ, танзими меъёрии ҳуқуқии соҳаи муҳоҷирати ахолӣ ва ҳамкори бо диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ворид мегарданд. 2. Раёсат таҳти роҳбарии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазир) ва муовини Вазир - сарпарасти соҳа фаъолият мекунад. 3. Раёсат аз сардор, муовини сардор - сардори шуъба, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахасисониборат мебошад. Вазифаҳои асосии Раёсати муҳоҷирати аҳолӣ Раёсат дар доираи масъалаҳои ба салоҳияти он вогузоргардида вазифаҳои асосии зеринро амалӣ менамояд: - татбиқи функсияи вазоратро оид ба таҳия ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ, танзими меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муҳоҷирати аҳолӣ, диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ таъмин менамояд; - татбиқи вазифаҳо оид ба ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, Намояндагиҳои Вазорат дар хориҷа, Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-ро таъмин менамояд; - таъмини иттилоотӣ-таҳлилӣ ва ташкилии фаъолияти вазоратро аз рӯи масъалаҳои ба салоҳияти Раёсат мансуб буда амалӣ месозад.
Раёсат дар доираи масъалаҳои ба салоҳияти он вогӯзоргардида вазифаҳои асосии зеринро амалӣ менамояд: - татбиқи функсияи Вазоратро оид ба таҳия ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ, танзими меъёрии ҳуқуқӣ дар самти бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъмин менамояд; - татбиқи вазифаҳо оид ба ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазоратро таъмин менамояд; - таъмини иттилоотӣ-таҳлилӣ ва ташкилии фаъолияти Вазоратро аз рӯи масъалаҳои ба салоҳияти Раёсат мансуббуда амалӣ месозад. Вобаста ба вазифаҳои асосӣ Раёсат функсияҳои зеринр оамалӣ менамояд: - омода намудани пешниҳодҳо оид ба таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ, танзими меъёрии ҳуқуқӣ дар самти бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар асоси таҳлил ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, вазъи бозори меҳнат; - омода намудани пешниҳодҳо оид ба таъмини ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандони бекор; - хулосабарорӣ намудани таҷрибаи истифодаи қонунгузорӣ дар самти шуғли аҳолӣ, таҳлили сабабҳои қонунвайронкунӣ ва омода намудани пешниҳодҳо оид такмили он; - омода ва баргузор намудани ҷаласаҳо, семнарҳо ва дигар чорабиниҳо аз рӯи масъалаҳое, ки ба салоҳияти Раёсат дохил мегарданд;
Раёсати молия, таҳлил ва дурнамо дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовараи вазораро ба асос ва роҳбарӣ мегирад. Дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи вазорат ва раёсат вазифаҳо ва функсияҳои асосии зеринро дар соҳаҳои муқарраргардидаи фаъолият амалӣ менамояд: - вазъи меҳнат, муҳоҷират, бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ аз рўи маълумоти омории соҳавие, ки ба соҳа тааллуқ доранд, мунтазам таҳлил ва пешгўӣ менамояд; - оид ба таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ ба роҳбарияти вазорат таклифу пешниҳодҳо манзур менамояд; - дар гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии ҳолати кунунии шуғлнокӣ ва шуғли ғайрирасмии аҳолӣ саҳм мегузорад; - дар таҳияи барномаҳои соҳавӣ, ки ба самтҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ нигаронида шудаанд, иштирок менамояд; - якҷо бо сохторҳои вазорат барои рушди омори соҳавӣ, ташаккул, пешбурд ва истифодаи махзани маълумот дар бораи талабот ба қувваи корӣ, рафти муҳоҷирати меҳнатӣ ва рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ ширкат меварзад; - дар ҳамкорӣ бо сохторҳои вазорат оид ба самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ пешниҳод манзур менамояд; - вазъи сатҳи зиндагии аҳолии ҷумҳуриро омўхта, таҳлил ва арзёбӣ мекунад; - барои нигоҳ доштани махзани маълумоте, ки дар равиши кор пайваста истифода бурда мешаванд, шароит муҳайё менамояд; - мониторинг ва таҳлили дурнамои соҳаро мегузаронад; - мониторинг ва таҳлили барномаҳои соҳавии вазоратро мегузаронад - ҳисоббарии тадқиқотҳои гузаронидашударо дар соҳаҳои иҷтимоию меҳнатӣ бо мақсади истифодаи минбаъда дар дурнамои соҳа анҷом медиҳад; - сметаи ягона даромад ва хароҷоти дастгоҳи марказӣ ва чорабиниҳои марказонидашудаи вазоратро ба нақша гирифта, инчунин таҳлили истифодаи мақсадноки маблағҳои ба корхонаю муассисаҳои тобеи он воридгардидаро ба роҳ мемонад; - аз роҳбарони муассисаҳои буҷетии вазорат оид ба ҳама гуна масъалаҳои ба салоҳияти Раёсат дахлдошта, маълумот талаб менамояд; - тақсимоти мақсадноки маблағҳои буҷетии системаи вазорат, дастгоҳи марказӣ, чорабиниҳои марказонидашуда ва суратҳисоби махсусро таъмин менамояд; - танзими муносибатҳои корӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳо ва муассисаҳои давлатии таълимии системаи вазорат; - истифодаи мақсадноки харҷномаи дастгоҳи марказии вазорат, сохторҳои системаи он чорабиниҳои марказонидашуда ва суратҳисоби махсус ба роҳ мемонад. Тамос +992 37 250 32 28 r.tahlil@mehnat.tj
Раёсати робитаҳои байналмилалии тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №146 «Дар бораи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз 24 июли соли 2020, №418 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар шудааст, дар сохтори дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Раёсат фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи вазорат, қарору фармоишҳои вазорат ва Низомномаи раёсат ба роҳ мемонад. Раёсат дар доираи салоҳиятҳои вогӯзоргардида вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд: - фаъолияти раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, хадамоту агентӣ ва муассисаҳои давлатии системаи Вазоратро дар самти робитахои байналмилалӣ ҳамоҳанг месозад; - дар таҳия ва татбиқи созишномаҳои байниҳукуматию байнисоҳавӣ, иштирок намуда, оид ба масъалаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, сатҳи зиндагии аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ таклифу пешниҳодҳо манзур менамояд; - механизми гузаронидани расмиёти дохилидавлатиро ҷиҳати тасвиб ва тасдиқи конвенсияҳо, созишномаҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ тибқи тартиби муқарраргардида анҷом медиҳад; - бо вазоратҳои соҳавии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Кумитаи иҷроияи ИДМ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои он, дигар созмону ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ ҳамкорӣ намуда, масъалаҳои марбут ба самтҳои вазоратро ҳамоҳанг менамояд; - маърӯзаҳоро оид ба рафти иҷрои конвенсия ва тавсияномаҳои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат ва созишномаҳои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида, ки ба салоҳияти Вазорат дахл доранд, якҷоя бо сохторҳои дахлдори он омода менамояд; - тибқи тартиби муқарраргардида вохӯриҳои роҳбарияти Вазоратро бо роҳбарон ва намояндагони сафоратхонаҳо, созмонои байналмилалӣ, мутахассисону коршиносони хориҷ ва ташкилотҳои хориҷию ғайридавлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ва ё тавассути видеоскайп ташкил менамояд; - дар омода намудани маводи зарурӣ ҷиҳати сафарбар намудани кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он ба хориҷи кишвар мусоидат менамояд; - татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории амалкунандаро ҳамоҳанг намуда, ҳангоми зарурат дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдори вазорат дархостҳои лоиҳавиро таҳия ва ба шарикони рушд пешниҳод намояд; - дар якҷоягӣ бо сохторҳои Вазорат маълумотҳоро оид ба вохўриҳо, вазъи лоиҳаҳои инвеститсионии амалкунанда, натиҷаи сафарҳои хизматии кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои Вазорат ба хориҷи кишвар ва рафти иҷрои муқаррароти протоколҳои ҷаласаҳои Комиссияҳои байниҳукуматӣ омода менамояд; - пешниҳоди Раёсатро барои дохил намудан ба нақшаи кори вазорат омода намуда, ба сохтори дахлдор манзур менамояд ва иҷрои чорабиниҳои банақшагирифтаро дар самти робитахои байналмилалӣ назорат мебарад; - иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳайати мушовараи Вазорат, фармоишҳои Вазир ва Нақшаи кори вазоратро вобаста ба самтҳои марбут ба салоҳияти Раёсат назорат ва иҷро менамояд; - ҳисоботҳои семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи Раёсатро омода ва барои ҷамъбаст пешниҳод менамояд; - ба раёсату шуъба ва сохторҳои тобеи Вазорат дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд; - бо кормандони вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ менамояд; - дигар масъалаҳоеро, ки ба салоҳияти Раёсат мансубанд, иҷро менамояд. Тамос +992 37 250 32-13 r.baynalmilali@mehnat.tj
- ташкили дурусти коргузорӣ дар дастгоҳи марказии вазорат; - бақайдгирии ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва содиротӣ ва ба масъулин тақсим намудани ҳуҷҷатҳои воридотӣ ҷиҳати таъмини иҷро вобаста ба мансубият; - ташкили корҳо оид ба қабули шаҳрвандон вобаста ба масъалаҳои шахсӣ аз тарафи роҳбарияти Вазорат, кор бо мактубҳо; - бурдани назорат аз рӯи риояи муҳлати иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳо ва ирсоли маълумот ва ҷавобҳо ба аризадиҳандагон ва ташкилоту муассисаҳое, ки аз онҳо мактуб ворид гаштааст; - омода намудани муросилоти дохилшуда барои пешниҳод ба Вазир; - сари вақт шинос намудани кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва зерсохторҳои он бо ҳуҷҷатҳо ва дигар супоришҳои Вазорат; - бақайдгирии барқияву факсограммаҳо; - дар муҳлатҳои муайяншуда ба бойгонии Вазорат супоридани ҳуҷҷатҳо, ба гурӯҳҳо ҷудо намудани онҳо ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои иҷрошуда дар парвандаҳо;
Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, вазъи ҳуқуқӣ, ташкилӣ, сохтор, функсия, вазифа, тартиби фаъолияти Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, масъалаҳои умумиро вобаста ба фаъолияти Раёсат дар самти ҳуқуқ, сиёсати кадрҳо ва корҳои махсус ба танзим медарорад.