Общая информацияРаёсати молия, таҳлил ва дурнамо дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовараи вазораро ба асос ва роҳбарӣ мегирад.
Дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи вазорат ва раёсат вазифаҳо ва функсияҳои асосии зеринро дар соҳаҳои муқарраргардидаи фаъолият амалӣ менамояд:
- вазъи меҳнат, муҳоҷират, бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ аз рўи маълумоти омории соҳавие, ки ба соҳа тааллуқ доранд, мунтазам таҳлил ва пешгўӣ менамояд;
- оид ба таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ ба роҳбарияти вазорат таклифу пешниҳодҳо манзур менамояд;
- дар гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии ҳолати кунунии шуғлнокӣ ва шуғли ғайрирасмии аҳолӣ саҳм мегузорад;
- дар таҳияи барномаҳои соҳавӣ, ки ба самтҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ нигаронида шудаанд, иштирок менамояд;
- якҷо бо сохторҳои вазорат барои рушди омори соҳавӣ, ташаккул, пешбурд ва истифодаи махзани маълумот дар бораи талабот ба қувваи корӣ, рафти муҳоҷирати меҳнатӣ ва рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ ширкат меварзад;
- дар ҳамкорӣ бо сохторҳои вазорат оид ба самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ пешниҳод манзур менамояд;
- вазъи сатҳи зиндагии аҳолии ҷумҳуриро омўхта, таҳлил ва арзёбӣ мекунад;
- барои нигоҳ доштани махзани маълумоте, ки дар равиши кор пайваста истифода бурда мешаванд, шароит муҳайё менамояд;
- мониторинг ва таҳлили дурнамои соҳаро мегузаронад;
- мониторинг ва таҳлили барномаҳои соҳавии вазоратро мегузаронад
- ҳисоббарии тадқиқотҳои гузаронидашударо дар соҳаҳои иҷтимоию меҳнатӣ бо мақсади истифодаи минбаъда дар дурнамои соҳа анҷом медиҳад;
- сметаи ягона даромад ва хароҷоти дастгоҳи марказӣ ва чорабиниҳои марказонидашудаи вазоратро ба нақша гирифта, инчунин таҳлили истифодаи мақсадноки маблағҳои ба корхонаю муассисаҳои тобеи он воридгардидаро ба роҳ мемонад;
- аз роҳбарони муассисаҳои буҷетии вазорат оид ба ҳама гуна масъалаҳои ба салоҳияти Раёсат дахлдошта, маълумот талаб менамояд;
- тақсимоти мақсадноки маблағҳои буҷетии системаи вазорат, дастгоҳи марказӣ, чорабиниҳои марказонидашуда ва суратҳисоби махсусро таъмин менамояд;
- танзими муносибатҳои корӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳо ва муассисаҳои давлатии таълимии системаи вазорат;
- истифодаи мақсадноки харҷномаи дастгоҳи марказии вазорат, сохторҳои системаи он чорабиниҳои марказонидашуда ва суратҳисоби махсус ба роҳ мемонад.
Тамос
+992 37 250 32 28 r.tahlil@mehnat.tj