Имрӯзҳо авзои ҷаҳони муосир, ки бо муноқишаҳои сиёсиву ҳарбӣ ва иқтисодву иҷтимоӣ даргир гаштааст, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ муҳимтарин шарти пойдории ҳар давлату миллат ба шумор меравад. Таърих гувоҳ аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳаи навадуми асри гузашта шоҳиди як фоҷиаи бузурги миллӣ гардид, ки ба ҳастии давлат ва сарнавишти миллат хатари ҷиддӣ овард. Бо вуҷуди ин, маҳз иродаи сиёсӣ ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи мусоиди барқарории сулҳ, якпорчагии миллӣ ва эҳёи давлатдории тоҷиконро фароҳам намуд.
Агар ба мафҳум ва аҳамияти Ваҳдати миллӣ бипардозем ба ин нукта мерасем, ки Ваҳдати миллӣ на танҳо як унсури иҷтимоӣ, балки пояи устувори тамоми низоми давлатдорӣ ва ҳастии миллат аст. Он таҷассумгари ҳамбастагии фикрӣ, эҳсосӣ ва иҷтимоии тамоми қишрҳои ҷомеаро ифода менамояд. Таърихи башарият нишон медиҳад, ки ҳеҷ як миллат бидуни ваҳдат, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ натавонистааст суботу амният ва рушди устуворрои худро таъмин намояд. Аз ин ру, таҳкими ваҳдати миллӣ боиси болоравии нерӯи инсонӣ, коҳиши низоъҳои дохилӣ ва заминагузории пешрафти иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа мебошад. Ваҳдат танҳо оромӣ нест – он фазои солими сиёсиву фарҳангӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва рушди маърифатӣ ҳар як миллату давлат мебошад.
Муқаддамоти ин суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати сартосарии кишвар, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон ҳукмфармост дар таърихи сулҳофаринии ҷаҳони муосир мактабест барои сабақомӯзӣ дар таъмин ва барқарорсозии суботи сиёсӣ дониста мешавад. Муқаддимаи ин, ташабусҳо ва талошҳои хастанопазири Пешвои миллат дар барқарорсозии сулҳ, субот ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Фаъолияти сиёсиву давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шиори “Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард” оғоз гардид. Ин изҳороти қавӣ ва иродаи матин ба сифати меҳвари сиёсати давлатӣ дар тамоми марҳилаҳои рушди кишвар амалӣ шуд. Пешвои миллат дар марҳилаҳои хеле ҳасос ва нооромиҳо чандинбор ба кишвари ҳамсоя Афғонистон сафар намуда барои пайдо намудани роҳи ҳал барои барқарорсозии ваҳдати комил дар кишвар аз ҳастии худ гузашта, ҷонбозона изҳор доштанд, ки барои сулҳу оромӣ, бозгашти гурезаҳо ва таъмини якпорчагии миллӣ, ҷони худро фидо хоҳам кард.
Натиҷаи ин фидокориҳо заминаеро барои роҳандози намудани ҷараёни музокироти сулҳи байни тоҷикон, таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ва ниҳоят, имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни соли 1997) гардид, ки он марҳилаи навини таърихи Тоҷикистон дониста мешавад. Дар натиҷаи ин раванди сулҳсозӣ, беш аз ҳазорон нафар шаҳрвандони кишвар, ки ба кишварҳои гуногун аз ҷумла зиёда аз 60 ҳазор нафар ба кишвари ҳамсоя Афғонистон гуреза шуда буданд ба Ватан баргардонида шуда, хисороти бузурги иҷтимоиву иқтисодӣ марҳила ба марҳила барқарор гардид.
Арзишҳои ваҳдат ҳамчун унсури устувори миллӣ бо касб намудани таҷрибаи таърихии тоҷикон собит менамояд, ки миллати мо ҳамеша дар марҳилаи бисёр ҳассос бо иттиҳоду якдилӣ худро ҳифз намудааст. Дар ин муддати 28 соли Ваҳдати миллӣ дар кишвар борҳову борҳо шоҳиди дасисаҳои барҳамзанандаи сулҳу оромии кишвар бо дасти мухолифин бо кӯмакҳои молии хоҷагони хориҷӣ ба ин миллат гаштаем, вале бо заҳмату талошҳои хастагинопазир ва дарки зиракии сиёсии фарзандони фарзонаи миллат ва нерӯи худогоҳии онҳо ба фурсатталабон имкони рахна намудани оромиши Ватанро надодаанд.
Ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба миллат ва давлат хисороти сангин овард, ки ин дарси ибрат барои мардуми тоҷики гардид. Пешвои миллат бо пеш гирифтани сиёсати хирадмандона ва дастгирии мардуми кишвар, тавонистанд, ки Тоҷикистонро аз вартаи нестшавӣ берун кашанд ва ба сӯи рушди устувор раҳсипор намоянд.
Имрӯз, дар замони душвори тағйироти ҷаҳонӣ ва паҳншавии бӯҳронҳои сиёсию иқтисодӣ, низоъҳо ва даргириҳои низомиӣ, бозиҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат дар манотиқи гуногуни олам, исботи он аст, ки ваҳдат на танҳо як зарурат, балки шарти асосии бақои миллат ва кафолати суботи давлат аст.
Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ бесобиқа ва сарнавиштсоз аст ва меъмори сулҳу Ваҳдат ва кафили амнияту суботи Тоҷикистон эътироф гаштааст. Сиёсати Пешвои миллат мактаби бузургест дар ҷоддаи сулҳофаринӣ дар дунё. Исботи ин гуфтаҳо дар охирин суханрониаш 24 сентябри 2024 зимни 79‑умин Нишасти Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню‑Йорки Амрико, пешниҳод карданд, ки Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”-ро қабул намояд. Ӯ дар суханронии худ таъкид дошт, ки “Ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо намудани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд, ки “таҳкиму тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи сулҳу амнияти кишвар барои мо вазифа ва рисолати муқаддасу муқаддами умумимиллӣ ва умумихалқӣ мебошад” бо дарки ин калом ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки арзишҳои Ваҳдатро эҳтиром кунад, сиёсати сулҳпарварро дастгирӣ намояд ва дар таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ саҳмгузор бошад.
Умаров Рустамҷон - Ходими илмии
Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва
шуғли аҳолииҶумҳурии Тоҷикстон