Аз санаи 2 дар шаҳри Женева Конфедератсияи Швейтсария иҷлосияи 113-уми Конфронси байналмилалии меҳнат бо иштироки сатҳи баланди шарикони сетарафаи давлатҳои узви Созмони Байналмилалии Меҳнат оғоз гардида, то 13 июни соли ҷорӣ идома меёбад. Чорабинии мазкур ҳамасола аз ҷониби созмони болозикр ташкил карда мешавад.
Санаи 11 июни соли ҷорӣ ҳайати шарикони сетарафаи Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии конфрос иштирок намуда, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа роҷеъ ба масъалаҳои дар маърўзаи директори генералии Созмони Байналмилалии Меҳнат ироагардида, аз ҷумла танзими муносибатҳои меҳнатӣ, вусъат додани ҳамкории шарикии иҷтимоӣ байни ҳукумат, иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияи корфармоён, пешнињоди маърӯзаҳои миллӣ оид ба риояи муқаррароти конвенсияҳои эътирофшуда, қабули санадҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, меҳнати арзанда, таъмини бехатарӣ ва беҳтарсозии шароити меҳнат суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани ҳифзи иҷтимоии кормандон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини шуғли пурмаҳсул, коҳиш додани сатҳи бекорӣ, ҳамасола зиёд намудани музди меҳнат ва татбиқи устувории сиёсати иҷтимоӣ пайваста тадбирҳои амалиро роҳандозӣ менамояд ва муқаррароти конвенсияҳои Созмони Байналмилалии Меҳнатро, ки бевосита ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва расидан ба зиндагии шоиста равона шудаанд, риоя ва иҷро менамояд. Ҳамчунин, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои афзалиятноки муносибатҳои меҳнатӣ, тақвияти иқтидори шарикони иҷтимоӣ ва ниҳодҳои муколамаи иҷтимоӣ ва густариши ҳамкориҳои муштараки минбаъда қатор пешниҳодҳо манзур гардид.