6-уми май, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар якҷоягӣ масъулони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим (ТТҲС) бо сокинони деҳаи…
6-уми май, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар якҷоягӣ масъулони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим (ТТҲС) бо сокинони деҳаи Ҳаёти нав тариқи усули "ХОНА БА ХОНА" мулоқоти судманд баргузор намуданд.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сокинон ба корҳои ободонию созандагӣ арзёбӣ гардид. Масъулон таъкид намуданд, ки ҳар як сокин бояд дар ободии маҳалли зист, тозагии муҳити атроф ва беҳтар намудани инфрасохтори деҳа саҳми назаррас гузорад.
Дар ҷараёни суҳбатҳо ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ҳамзамон, ба сокинон оид ба сарфакорона истифода бурдани захираҳо, бахусус нерӯи барқ ва об, тавсияҳои муфид дода шуданд.
Гурӯҳи корӣ инчунин масъалаҳои марбут ба пешгирии омилҳои номатлубро баррасӣ намуда, аз сокинон даъват ба амал овард, ки нисбат ба зуҳуроти манфӣ, аз қабили зиёдаравӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, бегонапарастӣ ва дур шудан аз арзишҳои миллӣ бетараф набошанд. Қайд гардид, ки ҳифзи фарҳанги миллӣ ва тарғиби анъанаҳои неки тоҷикона барои тарбияи насли солим ва ояндаи ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.
Пешгири аз бемориҳои сирояти ва манфиати ғизои солим аз бахшҳои муҳими ин вохӯрӣ ба ҳисоб рафт.
Дар вохӯрӣ сокинони деҳаи Ҳаёти нав изҳор доштанд, ки ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ ва ободу зебо гардонидани маҳалли зисти худ тамоми кӯшишу имкониятҳои худро равона хоҳанд кард.