6-уми май, дар шаҳри Левакант бо мақсади тақвияти корҳои ободонию созандагӣ ва баланд бардоштани маърифати иҷтимоии шаҳрвандон вохӯрии судманд баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ муовини раиси шаҳр Баротзода Шарифхон ва раиси ҷамоати деҳоти «Гулистон»…
6-уми май, дар шаҳри Левакант бо мақсади тақвияти корҳои ободонию созандагӣ ва баланд бардоштани маърифати иҷтимоии шаҳрвандон вохӯрии судманд баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ муовини раиси шаҳр Баротзода Шарифхон ва раиси ҷамоати деҳоти «Гулистон» Маҳмад Хидирзода бо сокинони деҳаи Баҳодурон мулоқот анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ масъулон таъкид намуданд, ки рушди маҳал ва беҳтар гардидани шароити зиндагӣ пеш аз ҳама ба ҳисси масъулиятшиносӣ ва фаъолияти худи сокинон вобастагӣ дорад. Онҳо бо такя ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аҳолиро ба саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, тозагии муҳити зист ва нигоҳдории инфрасохтори маҳаллӣ даъват намуданд.
Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот ба масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, сарфаи оқилонаи нерӯи барқ ва пешгирии омилҳои номатлуб таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Масъулон аз сокинон хоҳиш намуданд, ки нисбат ба зуҳуроти манфӣ, аз қабили таълимоти ғайриқонунии диннӣ, хурофотпарастӣ ва зиёдаравӣ бетараф набошанд ва дар таъмини суботу амният саҳми фаъол гузоранд.
Дар анҷоми вохӯрӣ сокинон изҳор доштанд, ки барои ободонии маҳалли зист ва пешбурди ташаббусҳои созанда омодаанд бо мақомоти маҳаллӣ ҳамкориро тақвият бахшанд.