Дар шаҳри Левакант ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза мегиранд. Дар ин замина, бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, тасмим гирифта шуд, ки барои як оилаи камбизоат хонаи истиқоматии нав бунёд карда шавад.
Раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ зимни аёдати оилаи ниёзманд ба фаъолон таъкид намуд, ки ин иқдом дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ҳадафи он дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа мебошад. Ба гуфтаи ӯ, бунёди чунин хонаҳо на танҳо нишонаи ғамхорӣ, балки намунаи амалии ҳамбастагии иҷтимоӣ ва эҳсоси масъулиятшиносии шаҳрвандон аст.
Мавсуф тамоми фаъолон ва сохторҳои марбутаро вазифадор кард, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва ҷалби имкониятҳои иловагӣ барои як оилаи ниёзманд дар ҷамоати деҳоти “Гулистон” хонаи истиқоматӣ бунёд намоянд. Ин оила ду фарзанди маъюб дошта, ба дастгирии иҷтимоӣ ниёзи ҷиддӣ дорад.
Ин иқдом дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ амалӣ гардида, ҳадаф аз он беҳтар намудани шароити зиндагии оилаҳои осебпазир ва таҳкими рӯҳияи ҳамдилӣ дар ҷомеа мебошад. Интизор меравад, ки корҳои сохтмонӣ дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расида, оила бо манзили нав таъмин гардад