ЛЕВАКАНТ: ТАШАББУСИ ВАКИЛИ ШАҲРӢ - ДАЪВАТ БА ОБОДОНӢ ВА ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАХИРАҲО
29-уми апрел, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант Адолати Маҳмадалӣ дар доираи усули «хона ба хона» бо интихобкунандагони худ мулоқоту суҳбатҳои судманд анҷом дод. Ин чорабинӣ дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,…
29-уми апрел, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант Адолати Маҳмадалӣ дар доираи усули «хона ба хона» бо интихобкунандагони худ мулоқоту суҳбатҳои судманд анҷом дод. Ин чорабинӣ дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, сокинони деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти «Гулистон»-ро фаро гирифт.
Зимни мулоқот вакили мардумӣ ба сокинон оид ба пешгирии омилҳои номатлуб, аз ҷумла падидаҳои манфии иҷтимоӣ, тавзеҳоти муфассал пешниҳод намуд. Ҳамзамон, масъалаҳои муҳими рӯз, аз қабили истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, рӯёнидани ду-се ҳосил аз як қитъаи замин ва баланд бардоштани маданияти заминдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар идома, таваҷҷуҳи махсус ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ зоҳир гардид. Зикр шуд, ки муносибати оқилона ба захираҳои энергетикӣ метавонад ба беҳбудии иқтисодии ҳар як оила ва ҷомеа мусоидат намояд.
Ҳамчунин, Адолати Маҳмадалӣ сокинонро ба муносибати фарорасии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои ободонию созандагӣ даъват намуд. Ӯ зикр кард, ки саҳми ҳар як шаҳрванд дар тозаву озода нигоҳ доштани маҳал, бунёди инфрасохтор ва рушди деҳот муҳим мебошад.
Чунин мулоқотҳои мустақим бо аҳолӣ имконият медиҳанд, ки мушкилоти мавҷуда сари вақт баррасӣ шуда, барои ҳалли онҳо тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.