Ҷамоати шаҳраки “Сарбанд”-и шаҳри Левакант дар даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни гулҳо “Сайри гули лола” натиҷаи назаррас нишон дода, сазовори ҷойи дуюм гардид. Барои ин дастовард, ҷамоат бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Кумитаи рушди…
Ҷамоати шаҳраки “Сарбанд”-и шаҳри Левакант дар даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни гулҳо “Сайри гули лола” натиҷаи назаррас нишон дода, сазовори ҷойи дуюм гардид. Барои ин дастовард, ҷамоат бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.
Маросими супоридани ҷоиза зимни баргузории Маҷлиси назоратии назди раиси шаҳри Левакант сурат гирифт. Раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ Диплом ва туҳфаҳои хотиравиро ба раиси ҷамоати шаҳраки “Сарбанд” Фарух Султонов тақдим намуда, ба фаъолияти пурсамари сокинон ва фаъолони ҷамоат дар самти ободонию созандагӣ баҳои баланд дод.
Зимни суханронӣ қайд гардид, ки саҳми аҳолии ҷамоат дар кабудизоркунӣ, гулшинонӣ ва беҳтар намудани муҳити зист назаррас буда, ин дастовард натиҷаи заҳмати муштарак ва ташаббусҳои созанда мебошад. Таъкид шуд, ки чунин иқдомҳо дар доираи сиёсати ободонӣ ва рушди маҳалҳо, бахшида ба ҷашнҳои муҳими миллӣ, аз ҷумла 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хос доранд.
Ҳамзамон, роҳбарияти шаҳр аз фаъолияти фаъоли кормандон ва сокинони ҷамоат изҳори сипос намуда, онҳоро барои идомаи корҳои ободонӣ, густариши гулпарварӣ ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги шаҳрдорӣ ҳидоят намуд.
Бояд зикр кард, ки Фестивал-озмуни “Сайри гули лола” ҳамасола бо мақсади рушди фарҳанги зебопарастӣ, ҳифзи муҳити зист ва тарғиби анъанаҳои миллии гулпарварӣ баргузор гардида, беҳтарин гӯшаҳои сабзу хуррам ва ташаббусҳои эҷодии шаҳру ноҳияҳоро муайян менамояд.