27-уми апрел, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант маҷлиси навбатии назоратии назди раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарону масъулини сохторҳои шаҳрӣ, намояндагони соҳаҳои гуногун…
27-уми апрел, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант маҷлиси навбатии назоратии назди раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарону масъулини сохторҳои шаҳрӣ, намояндагони соҳаҳои гуногун ва шахсони масъул иштирок намуда, раванди иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни маҷлис таъкид гардид, ки иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд дар меҳвари фаъолияти тамоми сохторҳо қарор дошта бошад. Хусусан, масъалаҳои вобаста ба ободонию созандагӣ ва вусъат бахшидани корҳои бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ шуд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаи таъмини қисми даромади буҷети шаҳр ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда баррасӣ гардида, ба масъулин ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва таъмини рушди устувори шаҳр дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Пардохти саривақтии нафақа ва музди меҳнат низ аз мавзӯъҳои муҳими рӯз буд, ки иҷрои пурра ва босифати он ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа таъкид гардид.
Дар идомаи маҷлис ба масъалаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои саҳроӣ ва парвариши дурусти пилла таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шуд. Масъулини соҳа вазифадор гардиданд, ки бо истифода аз усулҳои муосир ҳосилнокиро баланд бардоранд ва сифати маҳсулотро беҳтар намоянд.
Ҳамчунин, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, таъмини тозагию ободонӣ ва тақвияти корҳои таблиғотию ташвиқотӣ аз дигар масъалаҳое буданд, ки мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Раиси шаҳр дар ин самтҳо ба масъулин супориш дод, ки фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, натиҷаҳои назаррасро таъмин намоянд.
Дар анҷоми маҷлис таъкид гардид, ки иҷрои босифати вазифаҳои гузошташуда барои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Левакант ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳамияти калон дорад.