22-юми апрел, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо сокинони деҳаи Вахши ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» вохӯрии судманд баргузор намуд. Дар ҳайати гурӯҳи корӣ муовини раиси шаҳр Баротзода Шарифхон, корманди шӯъбаи КДАМ дар шаҳри…
22-юми апрел, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо сокинони деҳаи Вахши ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» вохӯрии судманд баргузор намуд.
Дар ҳайати гурӯҳи корӣ муовини раиси шаҳр Баротзода Шарифхон, корманди шӯъбаи КДАМ дар шаҳри Левакант Асадуллоев Давлатшоҳ, раиси ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» Фарух Султонов ва дигар фаъолону масъулон иштирок доштанд. Вохӯрӣ бо усули «деҳа ба деҳа» роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ арзёбӣ шуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла пешгирии ҷинояткорӣ, мубориза бо омилҳои номатлуб, пешгирии экстремизм ва терроризм, роҳ надодан ба хурофот ва бегонапарастӣ, инчунин ҷилавгирӣ аз таълимоти ғайриқонунии динӣ ва шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, таваҷҷуҳи сокинон ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва нерӯи барқ, таълиму тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон ва ҷалби аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуд.
Иштирокдорони вохӯрӣ таъкид намуданд, ки танҳо тавассути ҳамкории зичи ҷомеа ва ниҳодҳои давлатӣ метавон фазои орому босуботро ҳифз намуда, барои рушди устувори маҳал шароити мусоид фароҳам овард. Сокинон низ андешаву пешниҳодҳои худро иброз дошта, омодагии хешро барои саҳмгузорӣ дар ободонии диёр баён карданд.