22-юми апрел, дар толори Муассисаҳои КАТС-и шаҳри Левакант семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи “Таби хунин ва роҳҳои пешгирии он” баргузор гардид. Чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии кормандони соҳаи тандурустӣ…
22-юми апрел, дар толори Муассисаҳои КАТС-и шаҳри Левакант семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи “Таби хунин ва роҳҳои пешгирии он” баргузор гардид. Чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии кормандони соҳаи тандурустӣ ташкил карда шуда, дар он табибони муассисаҳои тиббии шаҳр иштирок намуданд.
Семинар аз ҷониби сарпарастори КАТС Умарова Ойгул ва ҳамшираи тиббӣ Баротова Саида гузаронида шуд. Зимни баромадҳо, мутахассисон ба иштирокчиён оид ба сабабҳо, роҳҳои сироятёбӣ, аломатҳои асосӣ ва усулҳои муосири ташхису табобати таби хунин маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Таъкид гардид, ки таби хунин аз ҷумлаи бемориҳои сироятии хатарнок ба ҳисоб рафта, дар сурати сари вақт ошкор ва табобат накардан метавонад ба саломатии инсон таъсири ҷиддӣ расонад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии табибон ва риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ дар пешгирии паҳншавии ин беморӣ нақши калидӣ дорад.
Ҳамчунин, дар ҷараёни семинар ба масъалаҳои пешгирии беморӣ, аз ҷумла риояи гигиенаи шахсӣ, безараргардонии манбаъҳои сироят ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Иштирокчиён имкон пайдо намуданд, ки доир ба мавзӯъ саволҳо пешниҳод намуда, аз мутахассисон ҷавобҳои мушаххас гиранд.
Дар фарҷом, таъкид шуд, ки баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ барои такмили ихтисоси кормандони тиб ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат намуда, дар пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла таби хунин, аҳамияти муҳим дорад.