19-уми апрел, дар деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант ҷашни бошукӯҳи Наврӯз бо иштироки васеи сокинон, омӯзгорон ва хонандагон баргузор гардид. Чорабинии идона бо ташаббуси масъулини ҷамоат ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии…
19-уми апрел, дар деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант ҷашни бошукӯҳи Наврӯз бо иштироки васеи сокинон, омӯзгорон ва хонандагон баргузор гардид. Чорабинии идона бо ташаббуси масъулини ҷамоат ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13 роҳандозӣ шуда, ба як намоиши воқеии анъанаҳои миллӣ ва фарҳанги ғании тоҷикон табдил ёфт.
Аз субҳи барвақт саҳни муассисаи таълимӣ ва боғи атрофи он бо парчамҳо, шиорҳои идона ва рамзҳои наврӯзӣ оро ёфта, фазои шодиву сурур ҳукмфармо буд. Сокинони деҳа, хусусан ҷавонон ва хонандагон, бо либосҳои миллӣ ҳузур ёфта, ҷашнро боз ҳам рангинтар гардониданд. Суфраҳои идонаи наврӯзӣ, ки бо маҳорати баланд аз ҷониби сокинон ва хонандагон ороста шуда буданд, диққати меҳмононро ба худ ҷалб мекарданд. Дар онҳо анвои гуногуни таомҳои миллӣ, шириниҳо ва рамзҳои хоси Наврӯз, аз ҷумла суманак, ҳафтсину ҳафтшин ба намоиш гузошта шуда буданд.
Дар ин чорабинӣ меҳмонон — муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон, раиси ҷамоати деҳоти «Гулистон» Маҳмад Хидирзода, директори муассисаи таълимӣ Тураев Ҳусейн, инчунин фаъолон ва сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд. Меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла гулдӯзӣ, қолинбофӣ ва дигар навъҳои ҳунармандӣ дидан карда, ба ҳунару истеъдоди сокинони деҳа баҳои баланд доданд.
Қисмати варзишии чорабинӣ низ ҷолиб баргузор шуд. Бозиҳои миллӣ, аз қабили гӯштин, бандкашӣ ва дигар мусобиқаҳои шавқовар, бо иштироки ҷавонон доир гардида, фазои рақобати солим ва рӯҳияи болидаро ба вуҷуд оварданд. Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Зимни суханронӣ муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон ҳамаи ҳозиринро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуда, таъкид кард, ки ин ҷашни бостонӣ рамзи эҳёи табиат, оғози фасли нав ва пойдории сулҳу дӯстӣ мебошад. Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Наврӯз мақоми хос пайдо карда, ҳамчун ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ эҳё ва густариш ёфтааст.
Раиси ҷамоати деҳоти «Гулистон» Маҳмад Хидирзода низ зимни баромади худ аҳамияти Наврӯзро дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ муҳим арзёбӣ намуда, ба сокинон барои саҳмгузорӣ дар ташкили чунин як ҷашни бошукӯҳ изҳори миннатдорӣ кард.
Бахши фарҳангии чорабинӣ бо иштироки хонандагони муассисаи таълимӣ хеле ҷолиб ва хотирмон баргузор гардид. Онҳо бо иҷрои шеъру таронаҳои наврӯзӣ, рақсҳои миллӣ ва саҳнаҳои театрӣ ҳунари худро нишон дода, табъи ҳозиринро болида гардониданд. Ҳар як барномаи пешниҳодшуда бо кафкӯбиҳои гарми тамошобинон истиқбол гардид.