17-уми апрел, дар деҳаи Баҳодурони ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант аз ҷониби масъулини Муассисаи давлатии Маркази пешгирии ВНМО дар шаҳри Левакант чорабинии муҳими иҷтимоӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосии ин иқдом баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО ва фароҳам овардани имконияти ташхиси ройгон барои гурӯҳҳои осебпазир буд.
Дар доираи чорабинӣ, ба занони ҳомила ва муҳоҷирони меҳнатӣ хизматрасониҳои машваратӣ ва ташхиси ройгони ВНМО пешниҳод карда шуданд. Мутахассисони соҳа ба иштирокчиён оид ба роҳҳои сироятёбӣ, усулҳои пешгирӣ, аҳамияти ташхиси барвақтӣ ва табобати саривақтӣ маълумоти муфассал доданд.
Қайд гардид, ки занони ҳомила яке аз гурӯҳҳои муҳим дар пешгирии интиқоли вирус аз модар ба кӯдак мебошанд. Аз ин рӯ, ташхиси саривақтии онҳо метавонад хатари сироятёбии кӯдаконро ба таври назаррас коҳиш диҳад. Ҳамзамон, бо муҳоҷирони меҳнатӣ низ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба онҳо зарурати санҷиши мунтазам ва риояи қоидаҳои бехатарӣ таъкид карда шуд.
Иштирокчиён аз чунин ташаббус изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр карданд, ки баргузор намудани чунин чорабиниҳо барои ҳифзи саломатии ҷомеа хеле муҳим аст.
Ба маълумоти ташкилкунандагон, чунин аксияҳо дар оянда низ идома дода мешаванд, то сатҳи огоҳии аҳолӣ баланд бардошта шуда, паҳншавии ВНМО пешгирӣ гардад.