eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
ЛЕВАКАНТ: «ВАКИЛОН ВА ОСОРХОНА»
Home
More
Executive Body of State Power of the City of Levakant
News
ЛЕВАКАНТ: «ВАКИЛОН ВА ОСОРХОНА»
Centralised website of government and municipal services
16 April 2026
ЛЕВАКАНТ: «ВАКИЛОН ВА ОСОРХОНА»
Дар шаҳри Левакант таҳти шиори «Вакилон ва осорхона» як иқдоми фарҳангиву маърифатӣ баргузор гардид, ки дар доираи он гурӯҳе аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз Осорхонаи Муассисаи давлатии таълимии ЛКСК Леваканти ДБССТ боздид ба амал…
Дар шаҳри Левакант таҳти шиори «Вакилон ва осорхона» як иқдоми фарҳангиву маърифатӣ баргузор гардид, ки дар доираи он гурӯҳе аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз Осорхонаи Муассисаи давлатии таълимии ЛКСК Леваканти ДБССТ боздид ба амал оварданд.
Зимни ин сафар вакилон бо шароити Осорхона аз наздик шинос шуда, бахусус ба гӯшаҳои таърихӣ ва намоишгоҳҳои он таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Осорхона бахшида ба давраҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардида, дар он аксҳо, ҳуҷҷатҳо ва ёдгориҳои нодири таърихӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Ба меҳмонон шарҳ дода шуд, ки осорхона аз чанд бахши муҳим иборат аст, аз ҷумла ҳуҷраи пазироӣ, синфхонаи Пешвои миллат, гӯшаи асарҳо, бахши хотироти даврони ҷавонӣ ва донишҷӯӣ, инчунин бахшҳои марбут ба даврони давлатдорӣ ва муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳар як бахш бо услуби муосир муҷаҳҳаз гардида, таърихи ташаккул ва рушди давлатдории тоҷиконро инъикос менамояд.
Вакилон зимни боздид иброз доштанд, ки чунин муассисаҳои фарҳангӣ дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар байни ҷавонон нақши муҳим доранд. Онҳо таъкид намуданд, ки шиносоӣ бо роҳи зиндагӣ ва фаъолияти Пешвои миллат барои насли ҷавон ҳамчун мактаби ибрат хизмат мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки Осорхонаи мазкур имрӯзҳо ба яке аз марказҳои муҳими ҷалби сайёҳон дар шаҳри Левакант табдил ёфтааст. Ҳамасола садҳо меҳмонони дохилию хориҷӣ барои ошноӣ бо таърихи муосири кишвар ва зиндагиномаи Пешвои миллат аз ин макон боздид менамоянд.
Чунин иқдомҳо, ба андешаи масъулон, метавонанд барои густариши ҷаҳонбинии шаҳрвандон ва таҳкими робитаи ҷомеа бо мероси таърихиву фарҳангии миллат заминаи мусоид фароҳам оранд.