8-уми апрел, раиси шаҳри Левакант — Муминзода Мастура Табарӣ — бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ ва омодагӣ ба таҷлили Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз як қатор иншооти муҳими истеҳсолӣ дидан намуд. Зимни боздид, нахуст раиси шаҳр аз…
8-уми апрел, раиси шаҳри Левакант — Муминзода Мастура Табарӣ — бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ ва омодагӣ ба таҷлили Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз як қатор иншооти муҳими истеҳсолӣ дидан намуд.
Зимни боздид, нахуст раиси шаҳр аз рафти сохтмони корхонаи хиштбарорӣ шинос гардид. Зикр шуд, ки ин корхона бо истифода аз таҷҳизоти муосир бунёд гардида, дар оянда метавонад талаботи бозори дохилиро бо маҳсулоти босифати сохтмонӣ таъмин намояд. Масъулон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ хуб ҷараён дошта, бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ ва риояи стандартҳои муосир идома доранд.
Сипас, Муминзода Мастура Табарӣ аз ҷараёни сохтмони корхонаи истеҳсоли рангҳо ва хокаи собун боздид ба амал овард. Ба иттилои масъулон, ин корхона яке аз иншооти муҳими саноатӣ ба ҳисоб рафта, баъди ба истифода доданаш барои сокинони маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам меорад ва ба рушди иқтисоди шаҳр мусоидат хоҳад кард.
Раиси шаҳр зимни суҳбат бо сохтмончиён ва масъулин таъкид намуд, ки сифати корҳои анҷомдодашуда бояд дар сатҳи баланд таъмин гардида, муҳлатҳои муайяншуда ҳатман риоя шаванд. Ҳамзамон, дастур дода шуд, ки ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва истифодаи самараноки захираҳо диққати ҷиддӣ дода шавад.
Қайд гардид, ки бунёди чунин иншоот дар доираи омодагиҳо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дошта, ба рушди соҳаи саноат, зиёд гардидани иқтидори истеҳсолӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ замина мегузорад.
Дар анҷоми боздид, Муминзода Мастура Табарӣ ба масъулин барои суръат бахшидани корҳои сохтмонӣ ва сари вақт ба истифода додани иншоот дастуру супоришҳои мушаххас дод.