7-уми апрел, дар шаҳри Левакант тибқи нақша - чорабиниҳои бахши маориф озмуни квотаи Президентӣ барои хонандагони лаёқатманд баргузор гардид. Ин озмун бо мақсади дастгирии ҷавонони болаёқат ва фароҳам овардани имконият барои ба таври ройгон дохил…
7-уми апрел, дар шаҳри Левакант тибқи нақша - чорабиниҳои бахши маориф озмуни квотаи Президентӣ барои хонандагони лаёқатманд баргузор гардид.
Ин озмун бо мақсади дастгирии ҷавонони болаёқат ва фароҳам овардани имконият барои ба таври ройгон дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.
Дар рафти озмун намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Нурализода Акмал, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон Азизов Лутфулло ва мудири бахши маорифи шаҳри Левакант Раҳимзода Файзулло иштирок намуда, довталабон баҳри шомил шудан ба 9 адад донишгоҳҳои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 21 ихтисос донишу маҳорати худро санҷиданд. Тибқи нақша, барои 13 духтар ва 13 писари лаёқатманд ҷойҳои квотавӣ ҷудо гардидааст.
Қобили зикр аст, ки қариб ҳамаи хатмкунандагони синфи 11-и муассисаҳои таълимии шаҳр фаъолона ширкат варзида, сатҳи хуби омодагии худро нишон доданд.
Озмуни мазкур қадами муҳим дар самти дастгирии ҷавонон ва рушди соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.