eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
ЛЕВАКАНТ: ОҒОЗИ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ «ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»
Home
More
Executive Body of State Power of the City of Levakant
News
ЛЕВАКАНТ: ОҒОЗИ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ «ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»
7 April 2026
ЛЕВАКАНТ: ОҒОЗИ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ «ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»
1-уми апрел, тибқи нақша-чорабиниҳои бахши маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар Литсейи давлатии рақамии №1-и шаҳр даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» оғоз ёфта, дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар…
1-уми апрел, тибқи нақша-чорабиниҳои бахши маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар Литсейи давлатии рақамии №1-и шаҳр даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» оғоз ёфта, дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур хонандагони синфҳои 4 то 11 иштирок намуда, аз рӯи 6 фанни таълимӣ донишу маҳорати худро санҷиданд. Ҳадафи озмун дарёфти истеъдодҳои нав, баланд бардоштани шавқи хонандагон ба омӯзиши илм ва рушди тафаккури эҷодӣ арзёбӣ мегардад.
Дар маросими ифтитоҳи озмун масъулини бахши маорифи шаҳр ва роҳбарияти литсей суханронӣ намуда, ба иштирокчиён шарту талаботи озмунро фаҳмониданд. Онҳо ҳамчунин ба довталабон барои иштироки фаъолона ва ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас барору муваффақият орзу намуданд.
Сипас, довталабон дар синфхонаҳои алоҳида аз рӯи фанҳои муайяншуда қувваозмоӣ намуда, сатҳи дониш ва маҳорати худро нишон доданд. Озмун дар фазои рақобати солим ва бо риояи шаффофият баргузор гардида, ҳар як иштирокчӣ кӯшиш ба харҷ дод, то ба даврҳои минбаъда роҳ ёбад.
Масъулин иброз доштанд, ки пас аз ҷамъбасти даври муассисавӣ, беҳтарин иштирокчиён муайян гардида, ба даврҳои навбатии озмун роҳхат мегиранд.
Қобили зикр аст, ки чунин озмунҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш, кашфи истеъдодҳо ва тарбияи насли соҳибмаърифат нақши муҳим доранд.
Centralised website of government and municipal services