31-уми март, дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии таълимии ЛКСК-и ДБССТ таҳти раёсати раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори раёсати тандурустии вилоят Мусозода Иброҳим, вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони шаҳр иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа як қатор масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ташкилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, масъалаи рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Левакант аз 6 декабри соли 2023, №413, ки ба татбиқи Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023–2027 марбут мебошад, муҳокима гардид. Таъкид шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои дахлдор бояд иҷрои чорабиниҳои барномаро зери назорати қатъӣ қарор дода, барои беҳтар намудани сифату дастрасии хизматрасониҳои самти солимии репродуктивӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва махсусан модару кӯдак тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ҳамзамон, ҳисоботи раиси Комиссияи доимии маҷлис оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи оила ва ҳуқуқи кӯдак, кор бо занон, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ шунида шуд. Вакилон ба муассисаҳои дахлдор пешниҳод доданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, тақвияти корҳои тарғиботӣ, пешгирии фарҳанги бегона ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Инчунин, ҳисоботи вакили маҷлис аз ҳавзаи интихоботии №12 Самизода Шаҳноза оид ба фаъолияти вакилии ӯ шунида шуда, ба маълумот гирифта шуд. Ба вакилон супориш дода шуд, ки ҷиҳати тақвияти корҳои таблиғотӣ ва ташкили вохӯриҳо бо интихобкунандагон, бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти худро боз ҳам фаъол намоянд ва ҳар семоҳа ҳисобот пешниҳод кунанд.
Дар идомаи ҷаласа масъалаи қатъ гардидани ваколати вакилии як қатор вакилон аз ҳавзаҳои интихоботии №4, №20 ва №21 баррасӣ гардид. Қарор қабул шуд, ки ваколати онҳо бинобар сабабҳои гуногун, аз ҷумла берун аз ҳудуди шаҳр зиндагӣ кардан ва аризаи шахсӣ, қатъ карда шавад.