Бо ташаббуси ҷамоати шаҳраки «Сарбанд»-и шаҳри Левакант бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд. Аз ҷумла, дар даромадгоҳи шаҳр ва кӯчаҳои Борбад 40, 41 ва 43…
Бо ташаббуси ҷамоати шаҳраки «Сарбанд»-и шаҳри Левакант бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд. Аз ҷумла, дар даромадгоҳи шаҳр ва кӯчаҳои Борбад 40, 41 ва 43 корҳои сангфаршкунӣ ва бетонрезӣ бо ҷалби фаъоли сокинон ба анҷом расонида шуданд.
Тавре раиси ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» Фарух Султонов иттилоъ дод, иқдоми мазкур дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба ҷашни муҳими миллӣ роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии он беҳтар намудани инфрасохтор ва фароҳам овардани шароити мусоиди зист барои аҳолӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин раванд на танҳо кормандони соҳаҳои гуногун, балки худи сокинон, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.э
«Мо кӯшиш дорем, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ тамоми кӯчаҳои шаҳракро тозаву озода намуда, ба тартиб дарорем. Ин корҳо бо дастгирии аҳолӣ босуръат пеш рафта истодаанд», — афзуд Фарух Султонов.
Сокинони маҳаллӣ низ аз чунин ташаббусҳо ҷонибдорӣ намуда, дар корҳои ободонӣ фаъолона иштирок доранд. Ба андешаи онҳо, чунин иқдомҳо на танҳо симои шаҳракро зебо мегардонанд, балки ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандонро тақвият мебахшанд.
Қобили зикр аст, ки корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳраки «Сарбанд» идома дошта, дар назар аст то фаро расидани ҷашни Истиқлолият дигар кӯчаву маҳаллаҳо низ пурра таъмиру таҷдид гарданд.