Бо ташаббуси масъулини ҷамоати деҳоти «Ваҳдат», бо ҷалби шахсони саховатпеша ва соҳибкорони хайрхоҳ як иқдоми хайриявӣ роҳандозӣ гардид. Дар доираи ин ташаббус сокинони ниёзманд, шахсони солманд ва афроди дорои маъюбият дар деҳаҳои Нурафшон ва…
Бо ташаббуси масъулини ҷамоати деҳоти «Ваҳдат», бо ҷалби шахсони саховатпеша ва соҳибкорони хайрхоҳ як иқдоми хайриявӣ роҳандозӣ гардид. Дар доираи ин ташаббус сокинони ниёзманд, шахсони солманд ва афроди дорои маъюбият дар деҳаҳои Нурафшон ва Истиқлол аёдат карда шуданд.
Тадбири мазкур дар моҳи шарифи Рамазон ва арафаи ҷашни Наврӯз баргузор гардида, ҳадафи он расонидани кумаки моддӣ ва дастгирии иҷтимоии табақаҳои ниёзманди ҷомеа арзёбӣ гардид. Дар ҷараёни аёдат ба як қатор оилаҳои камбизоат ва шахсони эҳтиёҷманд маводи асосии ғизоӣ, аз ҷумла орд, равған, картошка ва пиёз тақдим карда шуд.
Инчунин, раиси маҳаллаи деҳаи Истиқлол Қазоқов Сафар аз ҳисоби маблағҳои фитри рӯза, ки аз ҷониби намозгузорон ҷамъоварӣ гардидааст, ба чанд оилаи камбизоати дигар кумаки молиявӣ ва ғизоӣ расонид. Ин иқдом ҳамчун намунаи ҳамдиливу ҳамраъйии сокинон ва дастгирии якдигар дар рӯзҳои муборак арзёбӣ гардид.
Масъулини ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» изҳор доштанд, ки чунин корҳои хайриявӣ дар ҷомеа ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ, меҳру муҳаббат ва дастгирии иҷтимоиро тақвият мебахшад. Ба гуфтаи онҳо, дар рӯзҳои мубораки моҳи Рамазон ва дар остонаи ҷашнҳои миллӣ дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ яке аз суннатҳои неки мардум маҳсуб меёбад.
Сокинони аёдатшуда аз чунин таваҷҷуҳу дастгирӣ изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки ин гуна иқдомҳои хайриявӣ барои беҳтар гардидани шароити зиндагии онҳо мусоидат мекунад.