eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
ВОХӮРИИ МАСЪУЛИНИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ БО СОКИНОН ДАР МАСҶИДИ ДЕҲАИ ГУРДОНДЕҲ
Home
More
Executive Body of State Power of the City of Levakant
News
ВОХӮРИИ МАСЪУЛИНИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ БО СОКИНОН ДАР МАСҶИДИ ДЕҲАИ ГУРДОНДЕҲ
Centralised website of government and municipal services
7 April 2026
ВОХӮРИИ МАСЪУЛИНИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ БО СОКИНОН ДАР МАСҶИДИ ДЕҲАИ ГУРДОНДЕҲ
Дар доираи тадбирҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, 13 март, муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон бо сокинон ва намозгузорони масҷиди деҳаи Гурдондеҳи ҷамоати деҳоти «Гулистон» мулоқот анҷом дод. Вохӯрӣ дар доираи ташаббуси «Масҷид…
Дар доираи тадбирҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, 13 март, муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон бо сокинон ва намозгузорони масҷиди деҳаи Гурдондеҳи ҷамоати деҳоти «Гулистон» мулоқот анҷом дод. Вохӯрӣ дар доираи ташаббуси «Масҷид ба масҷид» баргузор гардида, ҳадафи он таҳкими робитаи байни ҷомеа ва мақомоти иҷроия, инчунин баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон арзёбӣ гардид.
Зимни суҳбат масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва тарбиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, иштирокчиён оид ба ҳифзи оромию суботи ҷомеа, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва нақши ҳар як шаҳрванд дар тарбияи дурусти насли ҷавон мубодилаи афкор намуданд.
Баротзода Шарифхон зимни баромади худ таъкид кард, ки имрӯз ҷомеа ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми қонун ва пос доштани арзишҳои миллӣ ниёз дорад. Ба гуфтаи ӯ, саҳми волидайн, фаъолони маҳалла ва шахсони соҳибтаҷриба дар пешгирии падидаҳои номатлуб, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва паҳншавии андешаҳои бегона хеле муҳим мебошад.
Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот ба масъалаҳои мубориза бо хурофотпарастӣ, коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ миёни ҷавонон ва таҳкими маърифати ҳуқуқӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода шуд. Иштирокчиён зикр намуданд, ки гузаронидани чунин суҳбатҳои тарбиявӣ дар байни сокинон метавонад ба баланд гардидани сатҳи огоҳии ҷомеа мусоидат намояд.
Дар идомаи вохӯрӣ зарурати риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти муассисаҳои динӣ ва нигоҳ доштани тартибу низом дар масҷидҳо таъкид гардид. Аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки барои пойдории суботу оромӣ ва тарбияи дурусти ҷавонон саҳми фаъол гузоранд.
Дар фарҷоми мулоқот намозгузорон андешаҳои худро баён намуда, баргузор шудани чунин вохӯриҳоро барои баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва таҳкими ҳамкории байни аҳолӣ ва мақомоти давлатӣ муҳим арзёбӣ карданд.