eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
Боздиди масъулин аз рафти сохтмони бинои Нозироти андоз дар шаҳри Левакант
Home
More
Executive Body of State Power of the City of Levakant
News
Боздиди масъулин аз рафти сохтмони бинои Нозироти андоз дар шаҳри Левакант
Centralised website of government and municipal services
7 April 2026
Боздиди масъулин аз рафти сохтмони бинои Нозироти андоз дар шаҳри Левакант
14-уми март, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ ҳамроҳ бо намояндаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Аслиддин ва дигар шахсони масъул аз як қатор иншоотҳои ҷашнӣ, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии…
14-уми март, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ ҳамроҳ бо намояндаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Аслиддин ва дигар шахсони масъул аз як қатор иншоотҳои ҷашнӣ, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида истодаанд, боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид масъулин ба рафти корҳои сохтмонии бинои Нозироти андоз дар шаҳри Левакант таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Гуфта шуд, ки иншооти мазкур дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта шуда, барои беҳтар намудани шароити кории кормандон ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон аҳамияти муҳим дорад.
Раиси шаҳр ва ҳамроҳонаш бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ шинос шуда, ба масъулон ва сохтмончиён дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки корҳои сохтмонӣ бояд бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраршуда анҷом дода шаванд.
Ҳамзамон масъулин аз сохтмончиён талаб карданд, ки ба сифати корҳои анҷомдодашаванда диққати ҷиддӣ дода, тамоми талаботи меъёрҳои сохтмониро риоя намоянд. Таъкид шуд, ки иншоот бояд дар муҳлати муайяншуда ба истифода дода шуда, ба рушди инфрасохтори шаҳр мусоидат намояд.
Бояд гуфт, ки дар шаҳри Левакант дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду азнавсозии даҳҳо иншооти иҷтимоӣ, маъмурӣ ва хизматрасонӣ ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ дар онҳо бо маром идома доранд.