14-уми март, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант қабули навбатии шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳр — Муминзода Мастура Табарӣ баргузор гардид. Зимни қабули шаҳрвандон сокинони шаҳр бо масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва маишӣ ба…
14-уми март, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант қабули навбатии шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳр — Муминзода Мастура Табарӣ баргузор гардид.
Зимни қабули шаҳрвандон сокинони шаҳр бо масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва маишӣ ба раиси шаҳр муроҷиат намуданд. Муроҷиатҳо асосан ба масъалаҳои замин, дастгирии иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва дигар мушкилоти рӯзмарраи сокинон вобаста буданд.
Раиси шаҳри Левакант муроҷиати ҳар як шаҳрвандро бодиққат шунида, барои баррасии саривақтӣ ва ҳалли мушкилоти пешниҳодгардида ба масъулини соҳаҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод. Қайд гардид, ки муроҷиати шаҳрвандон яке аз роҳҳои муҳими баррасии мушкилоти мардум буда, барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон мусоидат мекунад.
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамеша барои шунидани дархосту пешниҳодҳои шаҳрвандон омода буда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои бардошташуда дар доираи қонунгузорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Сокиноне, ки ба қабул ҳозир шуданд, барои таваҷҷуҳ ва дастгирӣ изҳори сипос намуда, умедворӣ карданд, ки масъалаҳои матраҳшуда дар муҳлатҳои муайяншуда ҳалли худро пайдо хоҳанд кард.
Қабули шаҳрвандон ба роҳ мондани муколамаи мустақим байни роҳбарияти шаҳр ва аҳолиро таъмин намуда, барои ҳалли саривақтии мушкилоти иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам меорад.